ҲАЁТИ СОЛИМКӣ кумакҳои унвонии иҷтимоиро дарёфт мекунад?

Кӣ кумакҳои унвонии иҷтимоиро дарёфт мекунад?

-

Аксҳо аз шабакаи интернет

Аз 1 январи соли 2024 андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои як оила ва шаҳрванди камбизоат дар ҳаҷми 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне, 720 сомонӣ) ва иловатан 1 нишондиҳанда (72 сомонӣ) барои ҳисобҳоро барои ҳар як кӯдак ташкил дода, ҳар се моҳа ба андозаи 25 фоизи андозаи муқарраршуда пардохт мегардад. Аз 1 январи соли равон нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба андозаи 72 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Соли 2024 бошад, андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар ҳаҷми 11 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва иловатан 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро барои ҳар як кӯдак ташкил дода, ҳар шаш моҳа ба андозаи 50 фоизи андозаи муқарраршуда пардохт карда мешавад.
Оилаҳо-и камбизоат, ки даромади ҳадди ақаллашон аз меъёри эҳтиёҷот пасттар мебошад, ба гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд.
Ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ ба расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ
-шахсони зерин аз ҳайати оила ба назар гирифта намешаванд:
шахсоне, ки дар таъминоти пурраи давлат мебошанд;
— шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо мекунанд;
— шахсоне, ки ҷазоро дар муассисаҳои ислоҳӣ адо менамоянд.

Барои муайян намудани ҳуқуқи гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ, маълумоти зерин оид ба индикаторҳои некўаҳволии оилаи камбизоат ба инобат гирифта мешавад:

а) Барои оилаҳо ва шаҳрвандоне, ки дар деҳот истиқомат мекунанд:

— ҳайати оила: шумораи умумии аъзои оила, шумораи маъюбони гурўҳи I, кўдакони маъюб, кўдакони то синни 15-сола;

— мавҷуд будани молу амволи зерин дар оила: генератори барқӣ, яхдон, мошинаи дарздузии барқӣ, плита бо балони газӣ, антеннаи радифӣ, нақлиёт (сабукрав ё боркаш) ;

— масолеҳи пўшонидаи боми манзили истиқоматие, ки оила дар он истиқомат мекунад аз рўи чунин нишондиҳандаҳо: қамишпўш, лойпўш, боми шиферпўш, боми тунукагин, черепитса;

— масолеҳи девори ҳавлӣ: сементблок, тунука, лойдевор, симтур, тахта, чуб, дигар маҳсулот, девор надорад;

— масолеҳи таҳкурсии манзили истиқоматӣ: бетаҳкурсӣ, санг ва семент, сементблок, дигар масолеҳ;

— масолеҳи фарш: паркет, тахтаи рангдор, линолеум, семент, лой;

— ҳайвони хонагӣ: гов.

б) Барои оилаҳо ва шаҳрвандоне, ки дар шаҳр истиқомат мекунанд:

— ҳайати оила: шумораи умумии аъзои оила, маъюбони гурўҳи I, кўдакони маъюб, кўдакони то синни 15 сола;

— мавҷуд будани молу амволи зерин дар оила: генератори барқӣ, яхдон, плитаи барқӣ, мошинаи ҷомашўи, антеннаи радифӣ, нақлиёт (сабукрав ё боркаш);

— маълумотнокии сардори оила, ки аз рўи нишондиҳандаҳои зерин муайян карда мешавад: маълумот надорад, маълумоти ибтидоӣ (то синфи 4), таҳсилоти миёнаи нопурра, миёна, миёнаи техникӣ, олӣ ва баъди дипломӣ;

— масолеҳ барои пўшондани боми манзили истиқоматие, ки оила дар он истиқомат мекунад аз рўи чунин нишондиҳандаҳо: лойпўш, семент бо бум, боми шиферпўш, боми тунукагин, черепитса, полиэтилен;

— масолеҳи фарш: паркет, тахтаи рангдор, линолеум, семент, лой.

Солҳои охир Феҳристи миллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ такмил ва васеъ карда шуда, аз рӯи ҷинс ва синну сол ҷудо карда шуда, кӯдакон, бекорон, пиронсолон, маъюбон ва дигар табақаҳои осебпазири аҳолӣ қайд карда шудааст. Бо вуҷуди ин, банақшагирии муассир, пешгӯӣ ва пайгирии натиҷаҳо аз тадбирҳои амалигардидаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ аз сабаби суст будани иқтидори иттилоотӣ ва таҳлилии системаи ҳифзи иҷтимоӣ ҳанӯз ҳам маҳдуд аст.

Аз соли 2020 то соли 2022 аз ҳисоби маблағҳои Бонки ҷаҳонӣ ба 233 982 кӯдак аз оилаҳои камбизоат ва занҳои сарварони оилаҳо дар ҳаҷми умумии 116 млн 991 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ пардохт шудааст.
Дар шарҳи баъдӣ бобати шаклҳои ариза ва чӣ гуна муроҷиат ба мақомоти дахлдор барои дарёфти кумакпулӣ маълумоти заруриро пешниҳод менамоем. 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
8
+1
7
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад