НАВИДТавсифи Абдулло Қурбонов аз корнамоии ду ҳамкораш

Тавсифи Абдулло Қурбонов аз корнамоии ду ҳамкораш

-

Абдулло Қурбонов, яке аз муассисони Алиф Бонк аз корнамоии ду ҳамкораш қисса кардааст, ки чӣ гуна лабхандро барои кӯдакони муштарии ин бонк баргардониданд.

Муштарии Алиф мехостааст тариқи корти «Салом» барои кӯдаконаш туҳфаи солинавӣ харидорӣ намояд, аммо баъди навбатпоиҳои зиёд ва расидан ба назди фурӯшанда мефаҳмад, ки маблағи корт нокифоя аст ва ноумед ба хона бармегардад.

Саҳифаи фейсбукии А. Қурбонов

«Соат 9-и шаб мешавад. Ду нафар аз ҳамкоронамон — Ромизу Анвар, ки тамоми рӯз дар ҳамон мағоза ба мизоҷон хизмат мерасонданд он мизоҷу тифлаконро фаромӯш карда натавонистанд. Онҳо як ташаббуси ғайриоддиеро пеш гирифтанд — розигии роҳбари худро гирифта, ҳамон туҳфаҳоро аз ҷониби Алиф харида, либоси бобои барфиро пӯшида, ба роҳ мебароянд.
Баъд аз ҷустуҷӯҳо, ниҳоят, соати 10-и шаби ҳамон рӯз, хонаи мизоҷамонро пайдо мекунанд… Ромиз ва Анвар барои интизории тӯлонӣ ва камбудиҳо бо лимити корти «Салом» аз мизоҷамон узр мепурсанд ва туҳфаҳоро ба кӯдакон месупоранд.»
-чунин қисса кардааст Абдулло Қурбонов дар саҳифаи фейсбукиаш. 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад