МУВАФФАҚИЯТҚаъбулахбор: итолиёвиҳо тешаву наъли аспи маро бурданд

Қаъбулахбор: итолиёвиҳо тешаву наъли аспи маро бурданд

-

Қаъбулахбор Довудов бо устодаш Аҳмад Умаров

Қаъбулахбори оҳангар маҳсулоти дасташро аз хона ва бозор ба фурӯш мегузорад. Ҳатто сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ ба дидани маҳсули дасти ӯ меоянд ва ашёҳои писандидаашонро харидорӣ мекунанд.

Оҳангар нақл мекунад, ки чанде қабл итолиёвиҳо ба коргоҳи ӯ омада, мутааҷибу ҳайратзада кори ӯро тамошо карданд, акс гирифтанд ва ҳатто наъл ва тешаи сохтаи ӯро барои намуна ба кишварашон бурданд.

“Вале бемории коронавирус каме ба кор латма зад, вагарна, ҳунарҳои мардумии мо дар саросари ҷаҳон паҳн мегардиду муаррифигар мешуд. Бо ин вуҷуд ҳам, оламиён ба ҳунарҳои аҷдодии мо назари нек ва таваҷҷӯҳи хуб доранд.”, — мегӯяд оҳангари ҷавон.

Қаъбулахбор Довудови 30-сола таҷрибаи 15-солаи оҳангарӣ дорад. Ӯ дар деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷакент зиндагӣ мекунад ва аз хурдӣ ба оҳангарӣ майл доштаву касбро аз бобояш — Усто Раҳмат омӯхта, ҳоло коргоҳи оҳангарии худро дорад.

Анвои мухталифи асбобу анҷоми рӯзгорро (табар, теша, дост, метин, каланд, наъл ва ғара) омода месозад. Қаъбулахбор пас аз хатми мактаб ба донишгоҳ нарафт. Ӯ назди усто Аҳмад Умаров рафта, ҳунари худро рушд дод.

Маҳсули дасти Қаъбулахбор

Устодаш мегӯяд, Қаъбулахбор нерӯманд ва пурғайрат аст ва аз кори оҳангарӣ, ки қувваи хуб ва нерӯву бозувони тавоноро мехоҳад, хуб баромада метавонад.

“Ӯ аз хурдӣ, ки дар назди бобояш ин касбро меомӯхт, машғул мешуд ва каму беш олоти рӯзгорро омода мекард, ба он дил баст ва ба оҳангарӣ пардохт. Вақте назди ман омад, аллакай, бо ҳунар ошно буд ва аз кор намеҳаросид. Медид, назора мекард, мепурсид ва бо андак роҳнамоӣ аз худ мекард. Дар ду сол оҳангариро хуб омӯхт.”, — мегӯяд усто Аҳмад.

Ба бовари Қаъбулахбор, ҳарчанд зиндагӣ тараққӣ кунад ва техникаи тоза барояд, аз асбобу анҷоми бобоӣ намешавад дурӣ ҷуст. Зеро, ҳамаи тараққиёти олам баргирифта аз ҳамон қолаби лавозимоти аввала. Ҳамчунин Қаъбулахбор барои сохтани асбобҳои нав талош меварзад.

“Имрӯз ба сохтани 4-5 намуди табарҳои хурду бузург ва мусулмониву русӣ машғулам, ки талаботи ҷомеа аст. Сохтани табари намунаи русӣ осонтар аст ва маҳсули кам сарф мешавад. Вале омодасозии табари мусулмонӣ заҳматталаб аст, лекин мустаҳкам, хуб ва корист. Аммо ҳар ду навъ ҳам талабгору мизоҷи худашонро доранд.”, — мегӯяд оҳангари ҷавон.

Ҳунарманд муддатест, ки ба кордсозӣ низ машғул аст ва намунаҳои гуногуни онро омода мекунад. Дар байни 1-1.5 соат ӯ ду корди хурд месозад ва онро “об медиҳад”-у “ба хок мезанад” то мустаҳкам, корӣ ва бурро шавад. Ба корд даста месозад, тез мекунад ва ба фурӯш мебарорад.

Ҳамзамон, харидорон ва мизоҷони оҳангари ҷавон ҳар намуд асбобу анҷоми рӯзгорро дархост кунанд, ӯ омода месозад ва мегӯяд, ҳамеша дар хидмати халқ мемонад.

Қаъбулахбор ҳунари худашро бар ононе ки ба ин касб таваҷҷӯҳ доранд, меомӯзонад. Вай ҳамзамон нақша дорад, ки дар солҳои баъдӣ аз маҳсулоти дасташ ва аз анҷомҳои аз бобову бобобузургонаш ба ӯ мерос омада, осорхонаи таърихӣ — оҳангарӣ бисозад ва манзури тоҷикистониёну хориҷиён гардонад. Ӯ барои ин омодагӣ мебинад ва мегӯяд, ки барои замимаи ин ман қайчиву анбурҳои садсола дорам, ки бобо ва бобокалони ман бо он кор кардаанд ва мероси сенасла бар чаҳоруму панҷумин наслҳо хоҳанд монд.

Меҳрофарин НАҶИБӢ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
23
+1
9
+1
1
+1
0
+1
3
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад