МУВАФФАҚИЯТWi-fi-и ройгони ҲХДТ дар Бохтар

Wi-fi-и ройгони ҲХДТ дар Бохтар

-

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Бохтар гулгаштеро  бо нишастгоҳҳо дар атрофи қароргоҳи Кумитаи иҷроияи ин ҳизб бунёд намуда, Wi-fi-и ройгон фароҳам кардааст.

Наврӯз Ҳусейнзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мегӯяд,  дар маркази вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, оливу миёнаи касбӣ зиёд буда, талабот ба хизматрасониҳои алоқаи интернет хеле зиёд буда, ташкили нуқтаҳои истифодаи ройгони Интернет  ба фоидаи ҷавонон аст.

Ба иттилои ӯ, ҳеҷ кадоме аз муассиса ё ниҳоде дар Бохтар Wi-fi-и ройгонро барои ҷавонон фароҳам накардааст.

Абдулло Хоҷоев, донишҷӯи донишгоҳи Давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав ба мо гуфт, барои дарёфти маводҳои лозима аз ин интернети ройгон истифода мебарад.

“На ҳама донишҷӯён имконияти дастрасӣ интернетро доранд. Имрӯз чунин имконият фароҳам шудааст, бе сарфи маблағ метавонем мавзӯҳои лозимро дарёфт намоем.”,-илова кард Абдулло.

Аҳлиддини Муборакшоҳ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири тандурустӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дидан кард

20-уми октябри соли равон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказии...

Воридоту содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ дар кишвар манъ шуд

Тағйироти ахир ба қонун, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии интиқоли никотин, аз ҷумла сигорҳои электрониро...

OpenAI риёзидонҳоро дастгирӣ кард

Пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи риёзидонҳо нисбат ба OpenAI, ин ширкат тасмим гирифт, ки ба як фонди дастгирии таҳқиқоти...

Канада тарҳи бунёди ноқили зериобиро барои пайвастшавӣ бо Аврупо баррасӣ мекунад

Ҳукумати Канада тарҳи маблағгузорӣ ва сохтмони хати ноқили зериобии фароатлантикиро меомӯзад, ки Канада ва Аврупоро мустақиман, бидуни убур аз...
spot_imgspot_img

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии...

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад