МУВАФФАҚИЯТИраклий Узнадзе, ҷудокори гурҷӣ сармураббии нави тими миллии ҷудои...

Ираклий Узнадзе, ҷудокори гурҷӣ сармураббии нави тими миллии ҷудои Тоҷикистон

-

Ираклий Узнадзе, ҷудокори гурҷӣ сармураббии нави тими миллии ҷудои Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ дар ин мақом Муҳаммадмурод Абдураҳмоновро, ки аз соли 2018 сармураббии дастаи мунтахаби ҷудои кишварро ба уҳда дошт, иваз кард.

Ба иттилои ТВ «Варзиш», Ираклий Узнадзе яке аз мураббиёни шинохтаи ҷудои ҷаҳон буда, дар фаъолияти касбии худ роҳбарии тимҳои миллии Гурҷистон ва Туркияро ба уҳда доштааст. Зери роҳбарии ӯ варзишгарон дар Бозиҳои олимпӣ, чемпионатҳои ҷаҳон ва Аврупо, инчунин мусобиқаҳои Grand Slam, Grand Prix ва Masters соҳиби даҳҳо медал гардидаанд.
Ӯ ду маротиба аз ҷониби Иттиҳоди Аврупоии Ҷудо (EJU) беҳтарин мураббии ҷудои Аврупо эътироф шуда, ҳамчунин соҳиби унвони беҳтарин мураббии Гурҷистон мебошад.
Ҷалби чунин мутахассиси пуртаҷриба боз як қадами муҳим дар самти рушди ҷудои тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҳадафи асосӣ омода намудани ҷудокорони рақобатпазир, тақвияти ҳайати мунтахаб ва фароҳам овардани замина барои ба даст овардани натиҷаҳои арзанда дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад.

Акс аз манбаъҳои боз

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...

Британия истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои наврасони то 16-сола манъ карданист

Нахуствазири Британияи Кабир Кир Стармер эълон кардааст, ки ҳукумат ният дорад истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакон ва наврасони то 16-сола...

Meta даромади паҳнкунандагони маълумоти бардурӯғро маҳдуд намекардааст

Тадқиқоти нав нишон додааст, ки саҳифаҳои Facebook, ки беш аз даҳ маротиба  ташкилотҳои фактчекинг маълумоти бардурӯғро ошкор кардаанд, ҳатто...

Афв нисбат ба ҳудуди 19 ҳазор тадбиқ мегардад

Баъд аз онки Парлумон қонун «Дар бораи авф»-ро дирӯз, 16 июн баррасӣ ва қабул кард, фавран ин қонун аз...
spot_imgspot_img

Ҷангалбонҳо не, ҷангалбурҳо зиёд шудаанд…

Ё чаро табиат рӯз то рӯз ҳомии худро аз даст медиҳад? Дарахтон бесадо меафтанд. Ҷангалҳо ҳар сол махсусан дар ҷануби...

Қонун “Дар бораи афв” қабул шуд

Қонун “Дар бораи афв” ба муносибати 35-солагиии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби вакилон ҷонибдорӣ шуд. Масъалаи рӯзномаро дар ҷаласаи Парлумон Прокурори...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад