ҲАЁТИ СОЛИМСайёҳони австралиягӣ имкони парвоз ба бузургтарин шаҳрҳои ИМА-ро аз...

Сайёҳони австралиягӣ имкони парвоз ба бузургтарин шаҳрҳои ИМА-ро аз даст медиҳанд

-

Сайёҳони австралиягӣ метавонанд имкони парвоз ба бузургтарин шаҳрҳои ИМА, аз ҷумла Лос-Анҷелес, Сан-Франсиско, Ню-Йорк, Чикагоро аз даст диҳанд. Маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп нақшаеро таҳия мекунад, ки тибқи он ба «шаҳрҳои паноҳгоҳ» (“sanctuary cities”) қабули парвозҳои байналмилалӣ манъ карда мешавад. Дар ин бора шабакаи телевизионии 9News хабар додааст.

Вазири амнияти дохилии ИМА дар мусоҳиба ба Fox News гуфтааст, ки ниҳодаш барои фурудгоҳҳои воқеъ дар «шаҳрҳои паноҳгоҳ» маҳдудияти қабули парвозҳои байналмилалиро омода мекунад. Ин шаҳрҳо он маҳалҳое мебошанд, ки мақомоти маҳаллӣ муҳоҷирони ғайриқонуниро барои ихроҷ ба мақомоти федералӣ намесупоранд.

Ба иттилои шабака, барои шаҳрвандони Австралия ин метавонад мушкилоти ҷиддӣ ба бор орад. Аксари сайёҳони австралиягӣ маҳз дар Лос-Анҷелес ва Сан-Франсиско фуруд меоянд, ки ҳарду «шаҳрҳои паноҳгоҳ» ба ҳисоб мераванд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад