БИЗНЕС-КЛУБСозишномаи грантии $19,7 миллионӣ барои баланд бардоштани сатҳи...

Созишномаи грантии $19,7 миллионӣ барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ

-

Вазорати молияи Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон созишномаи грантиро дар ҳаҷми 19,7 млн доллар ба имзо расонид.
26 майи соли равон созишномаро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон  ва Роберто Лонго, директори минтақавии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба имзо расониданд.
«Маблағи умумии созишномаи мазкур 19,7 млн доллари амрикоиро ташкил намуда, он пурра маблағҳои грантии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ мебошад. Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи мазкур 2,3 млн доллар аз ҳисоби саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.»,-хабар додааст Вазорати молия.
Ҳадафи асосии лоиҳа баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, даромад ва устувории хонаводаҳои деҳоти Тоҷикистон, хусусан чорводорони хурд, тавассути беҳтар намудани маҳсулнокии соҳаи чорводорӣ, идоракунии устувори чарогоҳҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим иборат будааст.
Лоиҳа, инчунин ба рушди занҷири арзиши маҳсулот, соҳибкории хурду миёна, беҳтар кардани сохтори ғизои аҳолӣ ва васеъ намудани дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ нигаронида шудааст.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад