ҲАЁТИ СОЛИМОсуда: осоишу табобат дар як макон

Осуда: осоишу табобат дар як макон

-

Парвариши шутур яке аз лоиҳаҳои Маркази табобатии “Осуда” аст. Ин шутурҳо барои он нигаҳдорӣ мешаванд, ки табобатгирандагони табобатгоҳ тавонанд аз шири онҳо нӯши ҷон кунанд.

Холаи Зебохон шутурҳоро медӯшаду ба муштариён шир пешниҳод мекунад. Ӯ мегӯяд, шири шутур ба як қатор бемориҳо фоида дорад…

Ахиран Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон як гурӯҳ аз намояндагони аъзои худро барои шиносоӣ ба Маркази табобатии “Осуда” роҳнамоӣ кард то аз наздик ба имкониятҳои ин марказ ошно шаванд.

Маркази табобатии “Осуда” дорои 80 кат буда, ҳуҷраҳои дунафара сенафара ва чаҳорнафара дорад. Ин марказ дар маҳаллаи 5-уми шаҳри Турсунзода ҷойгир аст.

Хизматрасонҳои ин марказ аз муоинаи духтур оғоз мешавад. Маҳси обӣ ё гидромассаж, парафинотерапия, йодотерапия, физиотерапия, сузандармонӣ, маҳс барои мардон ва занон, дастгоҳи кашиши миён, ғори намак ё галотерапия аз имкониятҳои табобатии марказ ҳастанд.
Онҳое, ки мехоҳанд дар ҳуҷраҳои дунафара ҷой гиранд, барои ҳар рӯз 250 сомонӣ пардохт мекунанд. Ба ин маблағ се вақт хурок ва тамоми табобати Маркази табобатии “Осуда” шомил аст. Арзиши ҳуҷраҳои 3-нафара ва 4-нафара барои як нафар 200 сомонӣ аст.

Ҳамчунин таботатгирандагони Маркази табобатии “Осуда” метавонанд аз хизматрасониҳои Маркази ташхисию табобатии Саномед истифода кунанд. Ҳатто барои таҳлили озмоишҳо мутахассисони Саномед ба Маркази табобатии “Осуда” рафта аз табобатгирандагон онро мегиранд.

Шуъбаи ташхисии маркази Саномед бо таҷҳизотҳои муосири замонавӣ, аз қабили дастгоҳи ултрасадо, томографияи магнитӣ, рентгени рақамӣ ва инчунин дастгоҳҳои дигари табобатӣ муҷаҳҳаз аст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад