МУВАФФАҚИЯТКапсулаҳо бо хоки рамзӣ аз маҳалли дафни Қаҳрамонони Тоҷикистон...

Капсулаҳо бо хоки рамзӣ аз маҳалли дафни Қаҳрамонони Тоҷикистон ба Ватан оварда шуд

-

Низомиёни Тоҷикистон дар даст капсулаҳо бо хок аз маҳалли дафни қаҳрамонони Тоҷикистон 

Капсулаҳо бо хоки рамзӣ аз маҳалли дафни Қаҳрамонони Тоҷикистон — Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур ва ходими давлатӣ Нисор Муҳаммад аз шаҳри Маскав ба шаҳри Душанбе, оварда шуданд.
Ба ин муносибат дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе маросими бошукӯҳ баргузор гардид, ки дар он Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуд.
Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи Тоҷикистон ба шумор мераванд. Онҳо соли 1937 дар давраи таъқибҳои сталинӣ боздошт ва ба қатл расонида шуданд. Ҷасадҳои онҳо дар қабрҳои дастаҷамъӣ ба хок супурда шуда буданд.
Баъд аз марги Сталин ҳамаи онҳо бегуноҳ дониста шуданд.

Ҳангоми гирифтани хок. Акс аз сомонаи ВКХ

Ёдовар мешавем, ки 18 майи соли 2026 дар оромгоҳи Донскойи шаҳри Москва маросими тантанавии қабули капсулаҳо бо хок аз маҳалли дафни қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, инчунин, фарзанди барӯманди халқи тоҷик Нисор Муҳаммад баргузор гардид.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин роҳбарӣ намуд. Аз ҷониби Русия дар чорабинӣ муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Михаил Галузин ва намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой ширкат варзиданд.

Иқдоми қабул ва овардани хоки рамзӣ аз маҳалли дафни қаҳрамонони Тоҷикистон бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, рӯйдоди муҳиме дар партави сиёсати давлатӣ дар масири барқарорсозии адолати таърихӣ ва ҳифзу арҷгузорӣ ба хотираи миллӣ арзёбӣ мегардад. «Он ҳамчунон таҷассумгари пайвастани маънавии чеҳраҳои таърихӣ бо Меҳан аст, ки ҳаёти худро ба хидмати мардум бахшиданд.»

Зимни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин қайд кардааст, ки Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур дар солҳои 1920-1930-юм иродаи қавии сиёсӣ нишон дода, аз ҳуқуқи миллати тоҷик барои рушду хештаншиносӣ дифоъ кардаанд. Ҳамин тариқ, Нисор Муҳаммад низ дар ташаккули асосҳои фарҳангсолорию маорифпарварии давлат саҳми назаррас гузоштааст.

Ғояҳо ва мероси шахсиятҳои мазкур аз имтиҳони замон гузаштанд ва ҳамчун нишони эътирофи хидматҳои шоёни онҳо, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур пас аз вафот унвони олии давлатии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад