БИЗНЕС-КЛУБМарк Сукерберг муҳандиси калидии Apple-ро "рабудааст"

Марк Сукерберг муҳандиси калидии Apple-ро «рабудааст»

-

Ба навиштаи нашрияи MacRumors бо истинод ба Bloomberg, муҳандиси калидии рушди зеҳни сунъӣ (ИИ) дар ширкати Apple — Руомин Панг (Ruoming Pang) — ширкатро тарк карда, ба Meta гузаштааст. Сабаби асосии ин тағйири ҷои кор — пешниҳоди хуби молиявӣ аз ҷониби ширкати Марк Сукерберг будааст.

Руомин Панг раҳбарии гурӯҳи таҳияи моделҳои асосии ИИ (foundation models)-ро ба уҳда дошт. Дар ин гурӯҳ тақрибан 100 нафар муҳандис кор мекарданд. Маҳз коркарди онҳо асоси системаи нави Apple Intelligence шудааст — аз ҷумла:

  • Хулосабарории худкори мактубҳо,

  • Эълонҳои афзалиятнок,

  • Ва тавлиди эмодзиҳои инфиродӣ (Genmoji).

Ба иттилои нашрия, Meta ба Пангу шартномаи чандинмиллионнӣ (даҳҳо миллион доллар дар як сол) пешниҳод кардааст. Ин як бахш аз стратегияи Марк Сукерберг аст, ки мехоҳад беҳтарин мутахассисони соҳаи ИИ-ро аз ширкатҳои рақиб, аз ҷумла OpenAI, Anthropic ва Scale AI, бо музди баланд ба Meta ҷалб намояд.

Сарчашмаҳо мегӯянд, ки иллати тарки Apple аз сӯи Панг танҳо ба пул вобаста набудааст. Дар дохили гурӯҳи ӯ рӯҳия паст шуда буд, зеро овозаҳо паҳн шуда буданд, ки Apple мехоҳад аз Anthropic ё OpenAI —-ро барои нусхаи нави Siri истифода барад. Ин тасмим метавонад кор ва саҳми муҳандисони дохилиро камарзиш созад. Гуфта мешавад, бисёр муҳандисон аллакай пешниҳоди ширкатҳои рақибро баррасӣ мекунанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...

Тоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035-ум 40% коҳиш диҳад

Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 1990 то 15 дарсад коҳиш...

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...
spot_imgspot_img

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад