МУВАФФАҚИЯТРоҳруби узбекистонӣ як кӯдакро наҷот дод

Роҳруби узбекистонӣ як кӯдакро наҷот дод

-

Роҳруби узбекистонӣ Хайрулло Ибодуллаев писарбачаи шашсоларо, ки аз тирезаи ошёнаи ҳафтуми як бино дар Санкт-Петербург сарозер шуд, наҷот дод. Хайрулло кӯдакро дар ҳаво дошта, зарби афтиданро бо ҷисми худ кам кардааст, вале дасту қабурғаи худаш шикастааст. Модари писарбача дар хона ҳузур доштааст, аммо дар утоқи дигар. Тирезаҳо василаҳои муҳофизатӣ надоштаанд.
Кӯдак низ пояш шикаста узвҳои даруниаш зарб хурдаанд.Шаҳрдорӣ дар бораи вазъи саломатии кӯдак маълумот додаанд.
«Шаҳрванди Ӯзбекистон Хайрулло Ибодуллаев кӯдакро, ки аз ошёнаи ҳафтум дар кӯчаи Петрозаводскаяи Санкт-Петербург меафтод, наҷот дода, аз фоҷиа пешгирӣ кард.», — гуфта мешавад дар хабари шаҳрдорӣ.
Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон ин мардро барои наҷоти кӯдак бо медали «Ҷасорат» сарфароз гардонд.
Дар Фармони Президенти Ӯзбекистон омадааст:
«Барои расонидани кумаки амалӣ ва наҷоти ҷони кӯдаке, ки аз ошёнаи баланди бинои бисёрошёна меафтод, инчунин барои зоҳир намудани хислатҳои баланди хос ба мардуми мо — шуҷоат, қаҳрамонӣ ва фидокорӣ, бо вуҷуди ба хатар гузоштани ҳаёт ва саломатии худ дар вазъияти фавқулода ва мураккабе, ки дар шаҳри Санкт-Петербург Федератсияи Русия рух дод, ҳамватани ҷасур ва бе­бо­ки мо Ибадуллаев Хайрулло Сайдуллаевич бо медали “Ҷасорат” қадрдонӣ карда шавад».

 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад