Ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол 22 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе миёни ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия бозии дӯстона баргузор мегардад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ҳайати дастаи ситораҳои Тоҷикистон футболбозони маъруф, ки дар рушди футболи кишвар саҳми арзанда гузоштаанд, шомиланд.
Дар ҳайати мунтахаби устураҳои Русия ситораҳо ба мисли Ринат Дасаев, Егор Титов, Дмитрий Аленичев, Валерий Шмаров, Сергей Киряков ва дигар собиқадорони футбол ширкат хоҳанд кард.
Акс аз шабакаи интернет
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
+1
+1
+1
+1
+1
+1



