МУВАФФАҚИЯТСергей кори танзимро ба забони тоҷикӣ меомӯзонад

Сергей кори танзимро ба забони тоҷикӣ меомӯзонад

-

Сергей Тютин соли 10-ум аст, ки дар студияи таълимии факултаи журналистика ба сифати коргардони танзим кор мекунад. 

Сергей рус аст ва забони гуфтугӯии тоҷикиро аз ҳамсояву ҳамсинфон ва дӯстонаш аз худ кардааст. Дар факултаи журналистика забони тоҷикиро беҳтар аз худ намуд. Зеро, қисме аз донишҷӯён забони русиро намедонанд, бинобар ин Сергей маҷбур шуд корбурди барномаҳои танзимро бо забони тоҷикӣ ба шогирдон фаҳмонад.

“Як гурӯҳ шогирдоне, ки дар рӯзҳои аввал пеши ман барои ёд гирифтани танзими навор меоянд, ба барномаи танзим ва кори ман нигоҳ карда, шубҳа пайдо мекунанд, ки ин корро ёд мегиранд. Онҳо  фикр мекунанд, ки омӯхтани он душвор аст. Ман ҳамчун дастурдиҳанда ба онҳо мефаҳмонам, ки ёд гирифтани кори танзим чи қадар барояшон муфид аст. Аммо аз 20-25 нафари ҳамагӣ 4-5 нафар ба стдия  меоянду халос.”, — мегӯяд Сергей Тютин.

Сергей Тютин ба ҷуз танзим, наворбардориро низ ёд медиҳад. Аксари донишҷӯён идеяи сужаву барномаҳои худро маҳз бо Сергей муҳокимаву баррасӣ менамоянд.

Анӯшервон Амонзода ва Омина Зуҳурова аз шогирдони фаъоли Сергей ҳастанд. Онҳо дар студия барномаҳои муаллифӣ доранд ва  бо роҳнамоии устодашон онро танзим мекунанд.   

“Мо корро аз насби барномаҳо барои танзими навор ва овоз оғоз мекунем. Сипас чанд бор ба шогирдон ман қайчӣ кардану васли кадр, дуруст кардани овоз ва иваз кардани фонро нишон медиҳам. Онҳо чизҳои даркориро ба худ қайд мекунанд. Баъдан, бо назорати ман худашон чунин амалҳоро иҷро мекунанд.” – иттилоъ медиҳад Сергей.

Ба бовари Сергей, донишҷӯ ба ҷуз кори эҷодӣ, танзиму наворро ёд гирад, муваффақияти ӯст.

Файзуллохон Обидов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад