МУВАФФАҚИЯТ30 сонияи тақдирсоз: бохти футзали Тоҷикистон дар охирин лаҳза

30 сонияи тақдирсоз: бохти футзали Тоҷикистон дар охирин лаҳза

-

Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон бозиҳои худро дар Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт анҷом дод.
Дар даври чорякфиналӣ дастаи мо дар муборизаи бисёр ҳассос аз мунтахаби Тайланд бо ҳисоби 2:3 шикаст хурд. Футзалбозони тоҷик дар даври аввал бо ҳисоби 0:1 шикаст мехӯрданд.
«Вале дар қисми дуюми бозӣ онҳо на танҳо натиҷаро баробар карданд, балки пеш гузаштанд — 2:1. Дар лаҳзаҳои охир футзалбозони Тайланд боз пешсаф шуданд. 30 сония қабл аз садои ҳуштаки ниҳоӣ тайландиҳо голи пирӯзиоварро ба самар расониданд.»,-хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон
Дар ин бозӣ Иқбол Воситзода ва Идрис Ёров аз ҳайати тими миллии Тоҷикистон гол заданд.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022 тими мо ба Баҳрайн (4:3) ва Туркманистон (8:5) пирӯз шуда, аз тими Ӯзбекистон (2:3) шикаст хӯрда буданд.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон бо дастаи SpaceX/Starlink мулоқоти кории онлайн баргузор намуд. Дар ҷараёни мулоқот...

Lenovo 33 соат бидуни пуркунии дубораи барқ кор кунад

Lenovo фурӯши ҷаҳонии ноутбуки нави IdeaPad 5 2-in-1 14Q8Y11-ро дар асоси платформаи Qualcomm Snapdragon X2 оғоз кард.  Вазни ин...

Доварони тоҷик дар семинари элитаи Конфедератсияи футболи Осиё

Дар Маркази миллии футболи шаҳри Тошканд семинари доварони элитаи Конфедератсияи футболи Осиё ҷараён дорад, ки дар он 92 довар...

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....
spot_imgspot_img

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад