МУВАФФАҚИЯТТаҳсили духтарон. Кадом мушкилиҳо вуҷуд дорад?

Таҳсили духтарон. Кадом мушкилиҳо вуҷуд дорад?

-

Моҳиолам Каримова

Моҳиолам Каримова аз минтақаи дурдасти кишвар аст. Бо вуҷуди ин, тавонист дар коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт шомил гардад. Ӯ мехоҳад баъди хатми муассисаи тиббӣ ба ниёзмандони деҳаҳои ноҳияи худ-Лахш, ки имкони ба беморхона рафтанро надоранд, кумак расонад.

Идомаи таҳсили духтарон баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мутахассис шудани онҳо дар ин ё он соҳа бисёр муҳим аст. Вале бархе оилаҳо намегузоранд, ки духтаронашон таҳсил намоянд. Баъди расидан ба балоғат авлавият медиҳанд, ки духтарашон зуд ба шавҳар барояд. Ба ҷойи таҳсил дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ, корҳое чун пӯхтупаз ва рӯбучуинро дар хона омӯзаду сархам бошаду гапгардонӣ накунад, ҳамин кифоя аст.

Ҷалолидин Амиров

Ҷалолидин Амиров, корманди Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, дар баъзе манотиқ ҳатто барои идомаи таҳсил баъд аз синфи 9 монеа эҷод мекунанд. Худи муҳити оила шароит фароҳам намеоварад…

Барои ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонони минтақаҳои дурдаст, махсусан духтарон, соли 1997 Квотаи президентӣ ихтисос дода шуд.

Нодира Ҳасанзода

Нодира Ҳасанзода, корманди Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ин вазорат соли таҳсили 1997-1998 барои довталабон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар квотаи махсусро ҷорӣ намуд, ки мувофиқи он ҳар сол духтарони деҳоти дурдаст ва аз соли таҳсили 2005-2006 писарони болаёқати деҳоти дурдасти кишвар тибқи суҳбат ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул мешаванд.

“Ба хотири баробарҳуқуқии духтарону писарон ва тайёр намудани мутахасисони соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ соли 1997 президенти мамлакат дар анҷумани сеюми иттииҳодияи занон пешниҳод намуданд, ки барои таҳсил дар муассисаҳои олии касбии кишвар аз ҳисоби духтарони шаҳру ноҳияҳо квотаи махсус ҷудо карда шавад.”,-ёдовар шуд Нодира Ҳасанзода.

Аз соли 1997 то соли 2024 аз 61 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба 20 муассисҳои олии касбӣ зиёда аз 27322 хатмкунанда тариқи квотаи президентӣ дохил шудаанд, ки аз ин теъдод 16014 духтар ва 11308 писар будаанд.

Айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар зиёда аз 214850 донишҷӯ таҳсил доранд, ки аз  ин теъдод 88698 духтар буда, дар маҷмӯъ, беш аз 40 дарсадро ташкил медиҳанд.

Зилола Икрамова. Акс аз сомонаи ombudsman.tj

Зилола Икрамова, муовини шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз таъбизи дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъкид мекунад, ки монеъ шудан ба таҳсили духтарон ин таъбиз ҳисобида мешавад, яъне, таъбиз аз рӯи аломати ҷинс аст ва мувофиқи қонунгузори кишвар нисбат ба ин амал ҷавобгари пешбинӣ шудааст.

“Мувофиқи моддаи 164-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон нафаре, ки барои таҳсили духтарон монеа эҷод мекунад ва онҳоро аз идомаи таҳсил боз медорад, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.”,-мегӯяд ин намояндаи Омбудсмен.

Соли гузашта Суди ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрванд Ф.С-ро барои монеъ шудан ба гирифтани маълумоти ҳатмии умумии асосии фарзанди 16-солааш ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима карда буд.

Тибқи як тағйироти ахир ба Кодекси ҷиноятӣ, ки моҳи майи соли 2024 ворид гардид, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ пурзур шуд.

Зариф Ализода. Акс аз сомонаи sputnik.tj

Зариф Ализода, намояндаи ваколатдори президент дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ зимни шарҳи ин тағйирот гуфт, моддаи 164 (Монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ) дар таҳрири нав ҷавобгарии ҷиноятиро пурзӯр кард.

Мавлудахон Мирзозода

Ба иттилои Мавлудахон Мирзозода муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон, пешниҳоди моддаи 164-и Кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав “ҷавобгарии ҷиноятиро танҳо барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола) пешбинӣ мекунад. Инчунин, тибқи иловаи пешбинишуда ба моддаи 166-и ҳамин кодекс минбаъд ба ғайри шахсоне, ки дар модда пешбинӣ шудаанд, инчунин, шахсоне, ки воқеан ба зиммаашон тарбияи шахсони ноболиғ гузошта шудааст, барои ҷалби шахси ноболиғ ба содир намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ тибқи қисми 2 ин модда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Бояд гуфт, монеъ шудан ба таҳсили фарзанд тибқи талаботи дигар қонунҳо, аз ҷумла кодекси маданӣ, ва қонунҳо “Дар бораи маориф”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ҷавобгарӣ дорад. Вале ҷавобгарӣ барои монеъ шудан ба таҳсил дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ дар қонунгузорӣ то кунун таҷассам наёфтааст.

Муҳаммад Маҳмадзода

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад