ОЛАМИ МАҶОЗӢДушанбе: кишварҳои маҳрум аз баҳр роҳи рушди рақамиро меҷӯянд

Душанбе: кишварҳои маҳрум аз баҳр роҳи рушди рақамиро меҷӯянд

-

Дар Душанбе рӯзи дуюми чорабиниҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва технологияҳои рақамӣ бо як масъалаи муҳим оғоз шуд. Дар ҷаласаи махсус намояндагони кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ниёзҳои кишварҳои LLDC — давлатҳои маҳрум аз баромад ба баҳрро баррасӣ карданд.

Яке аз мавзӯҳои асосӣ — пайвастшавии рақамӣ ҳамчун воситаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буд. Иштирокчиён роҳҳои татбиқи тавсияҳои «Барномаи Аваза» тавассути трансформатсияи рақамиро муҳокима карданд.

Дар ҷаласа намояндагони ITU, Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон, GSOA ва Huawei иштирок доштанд.

Аз ҷониби Тоҷикистон дидгоҳи кишвари мизбонро Парвиз Нориён, муовини якуми Раиси Хадамоти алоқа, пешниҳод кард.

Пас аз ҷаласаи махсус, мизи гирд дар доираи ташаббуси Partner2Connect (P2C) баргузор шуд. Муҳокима ба як саволи дигар равона буд: чӣ гуна ниёзҳои рақамии кишварҳо ва минтақаҳоро бо имкониятҳои сармоягузорон, ширкатҳо ва дигар шарикон пайваст кардан мумкин аст?

Дар ин бахш масъалаҳои татбиқи ташаббусҳои P2C дар минтақаи ИДМ, имкониятҳои нави ҳамкорӣ ва ташкили шарикиҳои устувор барои рушди рақамӣ баррасӣ шуданд.

Дар муҳокима намояндагони TCell, GSMA, «Интерспутник» ва коршиносони соҳаи трансформатсияи рақамӣ иштирок карданд.

Паёми асосии чорабинӣ: барои кишварҳои маҳрум аз баҳр пайвастшавии рақамӣ метавонад на танҳо воситаи иртибот, балки катализатори рушди иқтисодӣ, хизматрасониҳои рақамӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ бошад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Бе мактаби рассомӣ, бо муҳаббат ба ҳунар: қиссаи Шуҳрат Ахмиддинов

Шуҳрат Ахмиддинов аз 10-солагӣ ба рассомӣ рӯй овард. Ӯ мактаби рассомӣ нахондааст, зеро, ин имкониятро надошт ва наққоширо ба...

Игор Ангеловский: мо комилан бартарӣ доштем ва бар Чин сазоворона пирӯз шудем

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский пирӯзии дастаашро бар мунтахаби Чин дар бозии дӯстона, ки имрӯз, 6 октябр дар шаҳри...

Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя — 2026 ба Ватан баргаштанд

Субҳи 7 октябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқболи ҳайати варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон — иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя...

Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм ба муаллимаи забони англисии Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи Рӯзи...
spot_imgspot_img

Парвати Рамасвами ба сармоягузорӣ барои таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон таъкид кард

Ҳамоҳангсози доимии СММ Парвати Рамасвами таъкид намудааст, ки вақте мо ба таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон...

Натиҷаи бозӣ мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун: 1:1

Дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ кард.Вохӯрӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад