МУВАФФАҚИЯТТоҷикистон барои 3 соли оянда нақшаи нави экологӣ таҳия...

Тоҷикистон барои 3 соли оянда нақшаи нави экологӣ таҳия мекунад

-

Дар Душанбе натиҷаҳои Шарҳи чоруми натиҷанокии фаъолияти экологӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ шуда, барои татбиқи тавсияҳои он дар солҳои 2027–2029 таҳияи Харитаи роҳ оғоз гардид.

Ин ҳуҷҷат бояд ба як саволи муҳим ҷавоб диҳад: тавсияҳои экологӣ чӣ гуна ба корҳои мушаххас табдил меёбанд?

Дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳо, СММ, Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо, шарикони рушд ва коршиносони байналмилалӣ иштирок карданд.

Шарҳи чаҳорум кадом масъалаҳоро фаро мегирад?

▫️ тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо;
▫️ сифати ҳаво ва захираҳои об;
▫️ партовҳо ва моддаҳои кимиёвӣ;
▫️ гуногунии биологӣ ва ҳифзи экосистемаҳо;
▫️ ҳифзи замин ва хок;
▫️ маблағгузории ҳифзи муҳити зист;
▫️ қонунгузорӣ ва идоракунии экологӣ;
▫️ таъсири саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва тандурустӣ ба муҳити зист.

Қадами баъдӣ — Харитаи роҳ барои солҳои 2027–2029.

Тибқи нақша, барои ҳар як тавсия бояд мақоми масъул, муҳлати иҷро, натиҷаи интизоршаванда, нишондиҳандаҳои мониторинг ва манбаи эҳтимолии маблағгузорӣ муайян карда шавад.

Дар чорабинӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки лоиҳаи Кодекси экологии Тоҷикистон таҳия шуда, барои баррасӣ ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод гардидааст.

 Дар баробари ин, корҳо барои рақамикунонии соҳаи ҳифзи муҳити зист, беҳтар кардани мониторинги экологӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ ва пиряхҳо идома доранд.

Ҳадафи ниҳоӣ — идоракунии беҳтари муҳити зист, рушди иқтисоди сабз, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Бе мактаби рассомӣ, бо муҳаббат ба ҳунар: қиссаи Шуҳрат Ахмиддинов

Шуҳрат Ахмиддинов аз 10-солагӣ ба рассомӣ рӯй овард. Ӯ мактаби рассомӣ нахондааст, зеро, ин имкониятро надошт ва наққоширо ба...

Игор Ангеловский: мо комилан бартарӣ доштем ва бар Чин сазоворона пирӯз шудем

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский пирӯзии дастаашро бар мунтахаби Чин дар бозии дӯстона, ки имрӯз, 6 октябр дар шаҳри...

Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя — 2026 ба Ватан баргаштанд

Субҳи 7 октябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқболи ҳайати варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон — иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя...

Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм ба муаллимаи забони англисии Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи Рӯзи...
spot_imgspot_img

Парвати Рамасвами ба сармоягузорӣ барои таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон таъкид кард

Ҳамоҳангсози доимии СММ Парвати Рамасвами таъкид намудааст, ки вақте мо ба таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон...

Натиҷаи бозӣ мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун: 1:1

Дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ кард.Вохӯрӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад