ОЛАМИ МАҶОЗӢДар Ӯзбекистон "монетизатсия"-и YouTube метавонад ба кор дарояд

Дар Ӯзбекистон «монетизатсия»-и YouTube метавонад ба кор дарояд

-

Роҳандозии механизми «монетизатсия» ё судоварии YouTube дар Ӯзбекистонро роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Саида Мирзиёева бо ноиби президенти Google Каран Бхатия баррасӣ кардааст.

Ӯ таъкид кардааст, ки тағйирот дар қонунгузорӣ дар соҳаи коркарди маълумоти шахсӣ ва пардохтҳои рақамӣ барои истифодаи низомҳои байналмилалии пардохтӣ дар Ӯзбекистон шароит фароҳам меоранд.

«Имкониятҳо барои ҳамкорӣ бо ширкат хеле зиёданд. Дар пеш корҳои зиёде дорем», — гуфтааст Мирзиёева.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки ба зудӣ дар Ӯзбекистон монетизатсияи YouTube ва Google Pay роҳандозӣ хоҳад шуд.

Масъалаи оғози монетизатсияро Саида Мирзиёева шахсан бо ноиби президенти Google Каран Бхатия баррасӣ кардааст. Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи роҳандозии Google Pay-ро муҳокима кардаанд. Дар сурати амалӣ шудани ин тавофуқ, блогерҳои узбек метавонанд расман аз YouTube даромад ба даст оранд.

Дар акс Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Саида Мирзиёева бо ноиби президенти Google Каран Бхатия

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Бе мактаби рассомӣ, бо муҳаббат ба ҳунар: қиссаи Шуҳрат Ахмиддинов

Шуҳрат Ахмиддинов аз 10-солагӣ ба рассомӣ рӯй овард. Ӯ мактаби рассомӣ нахондааст, зеро, ин имкониятро надошт ва наққоширо ба...

Игор Ангеловский: мо комилан бартарӣ доштем ва бар Чин сазоворона пирӯз шудем

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский пирӯзии дастаашро бар мунтахаби Чин дар бозии дӯстона, ки имрӯз, 6 октябр дар шаҳри...

Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя — 2026 ба Ватан баргаштанд

Субҳи 7 октябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқболи ҳайати варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон — иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя...

Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм ба муаллимаи забони англисии Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи Рӯзи...
spot_imgspot_img

Парвати Рамасвами ба сармоягузорӣ барои таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон таъкид кард

Ҳамоҳангсози доимии СММ Парвати Рамасвами таъкид намудааст, ки вақте мо ба таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон...

Натиҷаи бозӣ мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун: 1:1

Дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ кард.Вохӯрӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад