Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар Осиёи Марказӣ платформаи минтақавии инноватсияҳои сабз таъсис дода шавад. Ҳадаф аз ин ташаббус ҷалби стартапҳо, рушди технологияҳои экологӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои мубориза бо тағйирёбии иқлим мебошад.
Ин пешниҳодро раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон Баҳодур Шерализода зимни як чорабинии мавзӯӣ дар ҳошияи Конфронси 31-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) дар шаҳри Анталияи Туркия ироа кардааст.
Ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки дар минтақа «Мусобиқаи минтақавии инноватсияҳои сабз» роҳандозӣ шуда, дар 12 моҳи оянда лоиҳаҳои муштараки фаромарзӣ дар самтҳои идоракунии партовҳо, сарфаи об ва мониторинги муҳити зист амалӣ гарданд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин масъалаи обшавии беш аз 1000 пиряхи Тоҷикистон, уҳдадории кишвар оид ба шинонидани 2 миллиард бех дарахт то соли 2040 ва зарурати истифодаи технологияҳои муосир баррасӣ шудаанд.
Аз ҷумла, истифодаи зеҳни сунъӣ, мониторинги моҳворавии ҷангалҳо ва низомҳои обёрии дақиқ аз ҷумлаи роҳҳои пешниҳодшуда барои ҳифзи муҳити зист арзёбӣ гардиданд.
Ҳамзамон, Тоҷикистон омодагии худро барои ҷалби ширкатҳои технологӣ ва стартапҳо, татбиқи лоиҳаҳои озмоишӣ ва мубодилаи таҷриба бо кишварҳои минтақа тавассути Маркази минтақавии идоракунии партовҳо дар Душанбе изҳор кардааст.
Қобили зикр аст, ки тибқи пешбиниҳои Монитори миллии партовҳои электронӣ, ҳаҷми партовҳои электронии Тоҷикистон метавонад то соли 2050 ба 36 ҳазору 400 тонна дар як сол расад.



