БИЗНЕС-КЛУБҚатъи фаъолият тариқи электронӣ. Мушкилӣ ҳал мешавад?

Қатъи фаъолият тариқи электронӣ. Мушкилӣ ҳал мешавад?

-

Шикоятҳо аз он зиёд буд, ки соҳибкорони инфиродии бо патент ё шаҳодатнома амалкунанда фаъолияти худро осон қатъ карда наметавонанд ва ин раванд тӯлонию мушкил буд.

Кумитаи андоз бо қабули фармоиш ин равандро соддаву осон кард. Минбаъд соҳибкорони инфиродии тибқи патент ва шаҳодатнома фаъолияткунанда, бидуни гузаронидани санҷиши сайёри андоз бо роҳи ирсоли дархост тавассути “Утоқи шахсии андозсупоранда” дар шакли электронӣ фаъолияти худро қатъ мекунанд.

Намунаи патент. Акс аз сомонаи Кумитаи андоз

Баррасии дархости электронӣ ва қатъи фаъолияти соҳибкори инфиродӣ тавассути “Утоқи шахсии андозсупоранда” аз корманди мақомоти андоз вобаста набуда, соҳибкорро зарур нест, ки ба мақомоти андоз ҳозир шавад ва ин кор дар шакли электронӣ анҷом дода мешавад.

Тартиби истифодаи барномаи “Қатъи фаъолияти соҳибкорони бо патент фаъолияткунанда” чунин аст:

Ба “утоқи шахсии андозсупоранда” ворид гардида, сатри “ҳуҷҷатгузории  электронӣ”-ро интихоб намоед, аз бахши “Дархостҳо”, саҳифаи “Дархостҳо барои қатъи фаъолият”-ро пайдо ва ба Кумитаи андоз дархост ирсол менамояд.

Барои ба таври электронӣ қатъ намудани фаъолияти соҳибкор, бояд шартҳои зерин иҷро шавад:

— Андозсупоранда дар “Руйхати андозсупорандагони бемасъулият” набошад;

— Эъломияҳои андозӣ дар муҳлати даъво супорида шуда бошанд;

— Бақияпулиҳои андозӣ пурра пардохт шуда, санади муқоисавии дуҷониба имзо шуда бошад;

Намунаи Санади муқоисавӣ

— Дастгоҳи назорати хазинавӣ аз қайд бароварда шуда бошад (агар мавҷуд бошад);

— Суратҳисобҳои бонкӣ баста шуда, муҳр супорида шуда бошад.

Тартиби “Қатъи фаъолияти соҳибкорони бо шаҳодатнома фаъолияткунанда” низ ба ин шакл сурат мегирад. Агар молу мањсулот аз хориҷи кишвар накарда бошад.

Агар маълумот бароятон муфид буд, лайк гузоред. Дар шарҳҳо нависед, ки боз кадом мавзӯҳоро дар масоили андозбандӣ донистан мехоҳед?

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад