Без рубрикиУстувории захираҳои об тавассути шарикӣ: ҳамгироии роҳҳалҳои табиатан асосёфта...

Устувории захираҳои об тавассути шарикӣ: ҳамгироии роҳҳалҳои табиатан асосёфта ва идоракунии ҷомеавӣ дар Осиёи Марказӣ

-

Дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» ҳамоиши махсус таҳти унвони «Устувории захираҳои об тавассути шарикӣ: ҳамгироии роҳҳалҳои табиатан асосёфта ва идоракунии ҷомеавӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
Чорабинӣ 25 май дар меҳмонхонаи Hilton Dushanbe бо иштироки намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносони соҳаи муҳити зист аз кишварҳои Осиёи Марказӣ доир шуд.
Дар оғози ҳамоиш намояндагони намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,намояндаи сафорати Олмон дар Тоҷикистон ва намояндаи созмони WHH дар Тоҷикистон  суханронӣ карда, аҳамияти ҳамкориҳои минтақавӣ барои ҳифзи захираҳои об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди устуворро таъкид карданд.
Дар ҷаласаи аввал, ки ба роҳҳалҳои табиатан асосёфта ва барқарорсозии экосистемаҳо бахшида шуда буд, иштирокчиён масъалаҳои ҳифзи давраи глобалии об, истифодаи оқилонаи обҳои зеризаминӣ, нақши ҷавонон дар муҳити зист ва саҳми расонаҳо дар баланд бардоштани маърифати экологиро баррасӣ намуданд.
Коршинос аз Қазоқистон Булат Ессекин дар бораи аҳамияти ҳифзи давраи глобалии об сухан гуфт. Икром Мамадов аз созмони ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист» масъалаи обҳои зеризаминӣ ва навовариҳои ҷавононро матраҳ кард. Наргис Қосимова аз Ӯзбекистон ба нақши ВАО дар баланд бардоштани огоҳии аҳолӣ оид ба масъалаҳои об таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Дар бахши дуюм иштирокчиён масъалаҳои татбиқи абзорҳои амалӣ ва идоракунии фарогири захираҳои обро муҳокима карданд. Намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ аз Қирғизистон ва Тоҷикистон таҷрибаи ҳамкориҳои маҳаллӣ ва минтақавиро дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ муаррифӣ намуданд.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад