ҲАЁТИ СОЛИМЭмомалӣ Раҳмон: футбол ҳоло ба як неруи муттаҳидкунандае табдил...

Эмомалӣ Раҳмон: футбол ҳоло ба як неруи муттаҳидкунандае табдил ёфтааст, ки наслҳо, фарҳангҳо ва миллатҳоро ба ҳам мепайвандад

-

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол паёми шодбошӣ ирсол намуда, тамоми дӯстдорони варзиш ва ҳаводорони футболро табрик гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки Рӯзи ҷаҳонии футбол бо ибтикори роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид эълон шуда, ҳамасола 25 май дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад.

Президенти кишвар футболро на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, эътирофи Рӯзи ҷаҳонии футбол бо ташаббуси Тоҷикистон нишонаи баланд гардидани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин зикр намудааст, ки баъди ба даст овардани истиқлол рушди футбол дар Тоҷикистон марҳилаи навро оғоз кард. Ӯ аз бунёди варзишгоҳҳои муосир, таъсиси мактабҳои футбол ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ҳамчун бахши муҳими сиёсати давлатӣ ёдовар шуд.

Дар паём таъкид гардид, ки дар арафаи таҷлили 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе Варзишгоҳи миллӣ барои 30 ҳазор тамошобин мавриди истифода қарор дода мешавад.

Президенти Тоҷикистон изҳори боварӣ кард, ки футболбозон, мураббиён ва мутахассисони соҳа минбаъд низ бо дастовардҳои худ парчами кишварро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ баланд мебардоранд.

Дар анҷоми паём сарвари давлат Рӯзи ҷаҳонии футболро ба тамоми дӯстдорони варзиш ва ҳаводорони футбол муборакбод гуфт.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад