БИЗНЕС-КЛУББарномаи миллии рушд таҳия шуд. 206 млрд. сомонӣ барои...

Барномаи миллии рушд таҳия шуд. 206 млрд. сомонӣ барои тадбиқи он зарур аст

-

Баррасии лоиҳаи Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 бо ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд, Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ

Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 таҳия шудааст. Вале барои амалӣ гардидани он беш аз 200 миллард сомонӣ зарур аст.
Дар лоиҳаи ин барномаи нав, рақамикунонӣ, рушди саноат ва зеҳни сунъӣ, рушди иқтисодӣ дар асоси навоварӣ, илм ва ихтироот, рушди сармояи инсонӣ ва дигарҳои соҳаи муҳим инъикос гардидаанд.
Барои таҳияи барнома дар се зина гуруҳи кории байниидоравӣ таъсис шудааст. Аз ҷумла,

  • Дар сатҳи муовини якуми сарвазир;
  • дар сатҳи вазири рушди иқтисод ва савдо;
  • ва дар сатҳи муовини вазири рушди иқтисод ва савдо.
Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 бештар барои иҷрои ҳадафу афзалиятҳои Ҳукумати кишвар ва баланд намудани сатҳи зиндагии мардуми равона гардидааст.

Ин вазир аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони ВАО изҳори ташаккур намуд, ки дар тавсияву пешниҳодҳои мушаххас ироа карданд.

«Бо роҳбарони вазорату идораҳо як мизи гирд баргузор намудем.  Як мизи гирд бо шарикони рушд ва як мизи гирд бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузарондем. Хушбахтона,  Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030-ро омода намуданд. Тахминан 206 миллиард сомонӣ барои тадбиқи ҳамин барнома зарур аст, бештар барои иҷрои ҳадафу афзалиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои баланд намудани сатҳи зиндагии мардуми кишвар аст ва 4 ҳадафи стратегии кишвар. Ба ҷуз ҳадафҳои стратегии кишвар боз якчанд ҳадафҳои миёнамуҳлату самтҳои афзалиятнок ҳастанд, ки дар барнома зикр шудаанд.», -мегӯяд Завқӣ Завқизода.

Аввали моҳи августи соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд, Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, асотссиатсияҳои бахши хусусӣ ва коршиносони соҳавӣ ҷаласа баргузор шуда, лоиҳаи Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 баррасӣ шудааст.

Лоиҳаи Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 барои мувофиқа бо вазорату идораҳои кишвар равона гардидааст ва сипас ба баррасии Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Сарчашмаи маблағгузори Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 инҳоянд:

  1. Маблағгузории буҷетӣ;
  2. Маблағгузории шарикони рушд;
  3. Маблағгузории бахши хусусӣ.

Маълумоти бештар дар навори ташреҳӣ:

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад