ОЛАМИ МАҶОЗӢКохи Сафед: сохторҳои чинӣ технологияҳои зеҳни сунъии амрикоиро нусхабардорӣ...

Кохи Сафед: сохторҳои чинӣ технологияҳои зеҳни сунъии амрикоиро нусхабардорӣ мекунанд

-

Кохи Сафед мегӯяд, сохторҳои чинӣ технологияҳои зеҳни сунъии амрикоиро нусхабардорӣ мекунанд. Ин изҳорот 24 апрел аз ҷониби мушовири президент оид ба сиёсати илм ва технология Майкл Ҷ. Кратсиос нашр шуд

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат маълумоте дар даст дорад, ки нишон медиҳад сохторҳои хориҷӣ асосан аз Чин ба ширкатҳои бузурги амрикоии зеҳни сунъӣ ҳадафмандона ҳамла мекунанд, то моделҳои онҳоро нусхабардорӣ ва дуздӣ намоянд.

Ӯ афзуд:

«Моделҳое, ки бо чунин роҳҳо ба даст меоянд, қобилияти пурраи нусхаи аслиро надоранд. Аммо онҳо ба бозигарони хориҷӣ имкон медиҳанд, ки бо хароҷоти камтар маҳсулоте эҷод кунанд, ки дар баъзе санҷишҳо натиҷаҳои монанд нишон медиҳанд.»

Ин изҳорот баъди он садо дод, ки ширкати Anthropic се ширкати чинӣ — DeepSeek, Moonshot ва MiniMax-ро ба анҷоми чунин ҳамлаҳо айбдор кард.

Ба гуфтаи ширкат, ин гурӯҳҳо тавассути тақрибан 24 ҳазор ҳисобҳои қаллобона беш аз 16 миллион дархост ба моделҳои онҳо фиристодаанд.

Кохи Сафед ҳушдор медиҳад, ки чунин моделҳои «нусхабардоришуда» протоколҳои амниятиро надоранд.

Ҳукумати ИМА ният дорад бо бахши хусусӣ як низоми ҳамоҳангшудаи муҳофизат таъсис диҳад. Самтҳои асосӣ:

  • огоҳсозии ширкатҳо аз ҳамлаҳо
  • ҳамоҳангсозии бахши хусусӣ
  • рушди механизмҳои муҳофизат
  • баррасии масъулияти бозигарони хориҷӣ

Акс аз манбаъҳои боз

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад