ҲАЁТИ СОЛИМТрамп вазири амнияти дохилии ИМА-ро аз мақомаш барканор кард

Трамп вазири амнияти дохилии ИМА-ро аз мақомаш барканор кард

-

Кристи Ноэм, ки дар ҳукумати Доналд Трамп сиёсати сахти муҳоҷиратиро пеш мебурд, охири моҳи март аз вазифаи вазири амнияти дохилии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико канор меравад. Ба ҷои ӯ президент пешниҳод кардааст, ки сенатори ҷумҳурихоҳ Маркуэйн Маллин ба ин мақом таъин шавад. Трамп дар ин бора рӯзи 5 март дар шабакаи иҷтимоии Truth Social хабар дод.

Истеъфои Ноэм пас аз фишори демократҳо дар Палатаи намояндагони Конгресси ИМА ба миён омад, ки ба талаботи онҳо чанд ҷумҳурихоҳ низ ҳамроҳ шуданд.

Баҳс пас аз кушта шудани ду шаҳрванди ИМА — Рене Гуд ва Алекс Претти аз ҷониби кормандони хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Миннеаполис сар зад. Ноэм онҳоро «террористони дохилӣ» номида, ҳатто баъд аз равшан шудани ҳолатҳои марги онҳо аз узрхоҳӣ худдорӣ кард.

Баҳси дигар ба маъракаи таблиғотӣ ба маблағи 220 миллион доллар марбут буд, ки дар он Ноэм савори асп дар пасманзари кӯҳи Mount Rushmore наворбардорӣ шудааст. Дар ҷаласаи парлумон ӯ гуфтааст, ки буҷаи ин маъракаро шахсан Трамп тасдиқ кардааст, аммо президент дар суҳбат бо Reuters ин иддаоро рад кард.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...

Британия истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои наврасони то 16-сола манъ карданист

Нахуствазири Британияи Кабир Кир Стармер эълон кардааст, ки ҳукумат ният дорад истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакон ва наврасони то 16-сола...

Meta даромади паҳнкунандагони маълумоти бардурӯғро маҳдуд намекардааст

Тадқиқоти нав нишон додааст, ки саҳифаҳои Facebook, ки беш аз даҳ маротиба  ташкилотҳои фактчекинг маълумоти бардурӯғро ошкор кардаанд, ҳатто...

Афв нисбат ба ҳудуди 19 ҳазор тадбиқ мегардад

Баъд аз онки Парлумон қонун «Дар бораи авф»-ро дирӯз, 16 июн баррасӣ ва қабул кард, фавран ин қонун аз...
spot_imgspot_img

Ҷангалбонҳо не, ҷангалбурҳо зиёд шудаанд…

Ё чаро табиат рӯз то рӯз ҳомии худро аз даст медиҳад? Дарахтон бесадо меафтанд. Ҷангалҳо ҳар сол махсусан дар ҷануби...

Қонун “Дар бораи афв” қабул шуд

Қонун “Дар бораи афв” ба муносибати 35-солагиии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби вакилон ҷонибдорӣ шуд. Масъалаи рӯзномаро дар ҷаласаи Парлумон Прокурори...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад