ҲАЁТИ СОЛИМҶангалбонҳо не, ҷангалбурҳо зиёд шудаанд...

Ҷангалбонҳо не, ҷангалбурҳо зиёд шудаанд…

-

Аксҳо аз муаллиф

Ё чаро табиат рӯз то рӯз ҳомии худро аз даст медиҳад?
Дарахтон бесадо меафтанд. Ҷангалҳо ҳар сол махсусан дар ҷануби Тоҷикистон, дақиқан минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон камтар мешаванд. Вале саволи асосӣ ҳамоно бе ҷавоб боқӣ мемонад, чаро онҳое, ки барои ҳифзи табиат муваззафанд, худ дар нобудсохтани ҷангалҳо роҳ мекушоянд?
Ҳар дарахти бурида — як қиссаи ногуфтаи ҷангал…
Ҳар дарахти бурида танҳо як дарахт нест,  ин як қадам ба сӯи нобудсозии ҷангалзорҳоест, ки дигар барнамегардад. Ин ҷо ҳикоя аз ҳамин қадамҳо оғоз мешавад.

Вақте ниёз ба зиндагӣ табиатро ба нобудӣ мебарад
Ҷангал барои инсонҳо ҳамачиз аст, манбаи даромад ва зиндагӣ, таъминкунандаи гармӣ… Барои он, ки маблағ ба даст оваранд, маҳсулоти пухта расидаи онро ҷамъоварӣ ва ба фурӯш мегузоранд. То он, ки шикамашон сер гардад, аз меваҳои шаҳдборӣ он истифода ва захира менамоянд. Ва барои он, ки дар зимистони қаҳратун худро аз сарди эмин нигоҳ доранд, боз ҳам дарахтонро буридаю хонаҳои худро гарм нигоҳ медоранд.
Пас, кӣ аз ҳама бештар дар нобуд сохтани ҷангалзорҳо саҳм дорад?
Ва ё кӣ аз ҳама бештар ба ҷангалзорҳо ниёз дорад?
Албатта, ки дар ҳарду маврид, метавон худи сокинон ҷангалнишинро ном бурд.

Девор аз шохаҳо…
Сокинони деҳаҳои куҳӣ ё ҷангалнишин аксаран девори хона ва ё заминҳои худро бо шохаву навдаҳои дарахтон месозанд. Агар аз як тараф, ин усул табиӣ ва дастрас ба назар расад, аз сӯйи дигар барои омода кардани чунин чапарҳо даҳҳо навдаю ниҳолҳои ҷавони ҷангал бурида мешаванд.
Бисёре аз сокинон барои ҳифзи киштзорҳои худ аз чорво ва хукҳои ёбоӣ маҷбуранд ба буридани дарахтон рӯ оваранд. Дар натиҷа, барои эмин нигоҳ доштани заминҳои кишоварзӣ, қисме аз ҷангалзорҳо қурбон мешавад.
Пас саволе ба миён меояд, оё чунин муносибат ба табиат роҳи ҳифзи он аст ё оғози нобудсозӣ?
Аксҳои ин бахш бозгӯкунандаи ҳамин воқеиятанд.  

Умед миёни решаҳо…
Дар баробари буридани дарахтон, баъзе сокинон ва фаъолони маҳаллӣ талош мекунанд то ниҳолҳои нав шинонанд. Шояд ҳифзи табиат аз ҳамин қадамҳои хурд оғоз мешавад.

Табиат ҳомӣ мехоҳад, на танҳо истифодакунанда…
Ҷангал танҳо манбаи ҳезум ё даромад нест. Он қисме аз зиндагии инсон аст. Аммо агар ҳифзи он имрӯз ҷиддӣ гирифта нашавад, фардо шояд чизе барои ҳифз боқӣ намонад.
Охир сухан.
Табиат мехоҳад зинда монад, инсонҳо бошанд гарм шаванд ва рӯзгори худро пеш баранд. Аммо агар инсон дар баробари буридани як дарахт, дарахти дигареро сабзонанд, ҳам табиат ҳифз мешавад ва ҳам зиндагӣ идома меёбад. Шояд ҳифзи табиат аз ҳамин масъулияти оддӣ оғоз шавад…
Агар ҳомии табиат ту набошӣ – пас кӣ мешавад?

Низомиддин Исоев,
               Журналист

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
4
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Русия ва Беларус ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей-2027 роҳ наёфтанд

Шӯрои Федератсияи байналмилалии хоккей (IIHF) тасмим гирифт, ки дастаҳои мунтахаби Русия ва Беларусро ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей...

Мушовири калони президенти FIFA ба нишони эътироз истеъфо дод

Карлос Кордейро, мушовири калони президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) Ҷанни Инфантино, ба нишони эътироз нисбат ба нақшаи фурӯши ҳуқуқҳои...

50 омӯзгор бо тренерони амрикоӣ таҷрибаи муосири таълимиро мубодила карданд

Аз 16 то 18 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе, бо ташаббуси Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 50 омӯзгори барномаи...

Омӯзгор ҳаққи фурӯши либоси мактабиро надорад!

Либосҳои тавсиявиро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки бояд дар муассисаҳои олӣ ва макотиби таҳсилоти миёна илмомӯзон...
spot_imgspot_img

Apple Pay расман дар Тоҷикистон фаъол шуд

Истифодабарандагони дастгоҳҳои Apple дар Тоҷикистон акнун метавонанд пардохтҳои худро бидуни истифодаи кортҳои пластикӣ анҷом диҳанд. 28 июли соли 2026...

Grok достони ҳамосавии «Одиссея»-и Ҳомерро эҷод мекунад

Grok Imagine, ки аз ҷониби ширкати xAI таҳия шудааст, то охири соли 2026 филмеро бар асоси достони ҳамосавии "Одиссея"-и...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад