ҲАЁТИ СОЛИММуроҷиат чӣ гуна пешниҳод гардад ва кӣ бояд баррасӣ...

Муроҷиат чӣ гуна пешниҳод гардад ва кӣ бояд баррасӣ намояд?

-

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас ҳуқуқ медиҳад, ки ба танҳоӣ ва ё якҷо бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд.

Ҳуқуқи муроҷиат карданро на танҳо шаҳрвандони мамлакат, балки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсоне бешаҳрванд низ доранд. 

Ҳуқуқи муроҷиат кардани инсон бо дигар ҳуқуқ ва озодиҳо алоқаманд аст. Ҳуқуқи муроҷиат кардан мутлақ аст ва ҳатто дар шароити вазъияти фавқулодда ҳам маҳдуд карда намешавад.

Муроҷиат ин:
-Ариза;
-Дархост;
-Таклиф;
ва шикоят аст!

Муроҷиат ба шаклҳои гуногун амалӣ мегардад:
-Қабули шахсӣ;
-Хаттӣ;
-Электронӣ;
-Телефонӣ;
-Муроҷиат тариқи воситаҳои ахбори омма.

Муроҷиат тариқи телефон

Бояд муҳтавои муроҷиат, насаб, ном, номи подар, суроға, рақами телефон дар он баён карда шавад.
Шахсе, ки муроҷиати телефониро қабул мекунад, ҳамаи гуфтаҳоро дар як ҳуҷҷат дарҷ мекунад ва онро бо имзои худ тасдиқ менамояд. Дар ин сурат, муроҷит қабулшуда ҳисоб мегардад.

Муроҷиати электронӣ

Дар муроҷиати электронӣ насаб, ном, номи падари муроҷиаткунанда, суроғаи почтаи электронии мурҷоиаткунанда ва муҳтавои мурҷоиат зикр мешавад.
Муроҷиати электронӣ дар он ҳолате қабулшуда ҳисобида мешавад, ки он аз дастгоҳи муроҷиаткунанда ба суроғаи қабулкунандаи муроҷиат фиристода шуда бошад. Ин тартибро қонун «Дар бораи ҳуҷҷатҳои электронӣ» пешбинӣ кардааст.

Муроҷиатҳое, ки ба воситаҳои ахбори омма фиристода шудаанд, мувофиқи қонун «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон дар сурате ба қайду баррасӣ гирифта мешавад, ки агар шахсияти муроҷиаткунанда маълум ва муайян бошад.
Муроҷиатҳои шифоҳӣ аз рӯзи муроҷиат ба қайд гирифта мешавад ва аз натиҷаи баррасии он ба шахси муроҷиаткунанда огоҳ карда шавад.

Муроҷиати шаҳванд дар мӯҳлати то як моҳ, вале муроҷиате, ки омӯзишу таҳқиқи иловагиро талаб намекунад, дар давоми 15 рӯз баррасӣ бояд шавад.

Вале мақомоту ташкилоти дахлдор, ки муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ менамоянд, вазифадоранд, ки муроҷиаткунандаро дар мӯҳлати се рӯз аз лаҳзаи қабули қарор оид ба ирсоли муроҷиат барои баррасӣ аз рӯи тобеият ба дигар мақомоту ташкилоти дахлдор хабардор намоянд.

Вале ҳуқуқшинос Фахриддин Фузайлов мегӯяд, имкони дароз кардани муҳлати баррасӣ боз 1 моҳи дигар имкон дорад.

«Агар мақомот ё корхонаву ташкилот чунин шуморад, ки барои баррасии холисона ва ҳаматрафаи муроҷиат вақти иловагӣ зарур аст, метавонад роҳбари корхона, муассиса, ташкилот ё ин ки мақомот бо қабули қарор мӯҳлати баррасии муроҷиатҳоро боз то 30 рӯз дароз намояд ва дар ин бора ба муроҷиаткунада дар давоми 3 рӯз хабар дода мешавад.»,-мегӯяд ин ҳуқуқшинос.

Оё шумо ба ин ё он ниҳод муроҷиат кардаед. Чӣ гуна посух гирифтед?
Дар саҳифаҳои иҷтимоии мо нависед!

Маълумоти бештар дар эксплейнери мо:

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
4
+1
5
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад