МУВАФФАҚИЯТОғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

-

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ бори аввал дар Тоҷикистон баргузор шуда, то 24 июн дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе идома меёбад. Дар форум беш аз 100 нафар кӯдакону наврас аз 9 кишвари аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок доранд. Намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия ва Туркманистон дар ин ҳамоиши байналмилалӣ ҳузур доранд. Ба гуфтаи намояндагони соҳаи маорифи вилояти Суғд, ҳадафи асосии форум таҳкими муколамаи фарҳангӣ, густариши ҳамкориҳо ва рушди муносибатҳои дӯстона миёни наврасони кишварҳои ИДМ мебошад. Дар доираи барнома иштирокчиён бо таърих, фарҳанг ва анъанаҳои миллии давлатҳои иштирокчӣ шинос шуда, дар олимпиадаҳои зеҳнӣ, вохӯриҳо бо варзишгарони машҳур, машғулиятҳои омӯзишӣ, сафарҳои сайёҳӣ ва марафонҳои гуногун ширкат хоҳанд кард. Маросими расмии ифтитоҳи Форум дар Қасри Арбоб баргузор гардид ва иштирокчиён аз ин ёдгории таърихӣ боздид намуда, инчунин паёми табрикии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалиро шуниданд. Тибқи иттилои созмондиҳандагон, дар доираи форум баргузории беш аз 30 чорабинии фарҳангӣ, маърифатӣ ва фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст. Ёдовар мешавем, ки Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» аз соли 2013 инҷониб дар кишварҳои гуногуни ИДМ, аз ҷумла Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон ва Беларус баргузор мешавад. 

Акси матлаб аз сомонаи majmilli.tj

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад