МУВАФФАҚИЯТНақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро шуд

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро шуд

-

Вазорати мудофиа 29 ноябр хабар дод, ки дар муҳлати муайянгардида ҳама комиссияҳои давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ гузориш доданд ва нақшаи даъвати тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд.
«Аз 1 октябр бо оғоз гардидани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар нахустин рӯзи даъват, аввалин шуда Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаро пурра иҷро намудааст. Дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, чаҳор навоҳии пойтахт низ яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи пешбинишударо пурра ба анҷом расониданд. Шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ иҷрои нақшаи даъватро пеш аз муҳлат амалӣ намуданд.»,-омадааст дар иттилоияи Вазорати мудофиа.

Даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ 1 октябри соли 2025 оғоз гардида буд ва чун ҳамасола то 30 ноябр идома мекунад.

Акс аз сомонаи Вазорати мудофиа

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...

Муовини вазир: барои донишҷӯёне, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ ширкат мекунанд, шароит фароҳам оварда шудааст

Ҳомид Ҳошимзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, дар чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон ҷавонон,...

Натиҷаи бозии Регар-ТадАЗ» бо «Истиқлол»: 1:0

Дар доираи даври 13-уми Париматч-Чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи «Регар-ТадАЗ» рақобат сурат гирифт. «Регар-ТадАЗ» дар майдони худ...

Русия ва Беларус ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей-2027 роҳ наёфтанд

Шӯрои Федератсияи байналмилалии хоккей (IIHF) тасмим гирифт, ки дастаҳои мунтахаби Русия ва Беларусро ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей...
spot_imgspot_img

Мушовири калони президенти FIFA ба нишони эътироз истеъфо дод

Карлос Кордейро, мушовири калони президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) Ҷанни Инфантино, ба нишони эътироз нисбат ба нақшаи фурӯши ҳуқуқҳои...

50 омӯзгор бо тренерони амрикоӣ таҷрибаи муосири таълимиро мубодила карданд

Аз 16 то 18 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе, бо ташаббуси Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 50 омӯзгори барномаи...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад