ҲАЁТИ СОЛИМThe Guardian: истифодаи зеҳни сунъӣ барои таҳияи роликҳои сиёсӣ...

The Guardian: истифодаи зеҳни сунъӣ барои таҳияи роликҳои сиёсӣ бештар мегарданд

-

The Guardian огоҳ мекунад, ки истифодаи зеҳни сунъӣ барои таҳия ва паҳн кардани роликҳои сиёсӣ рӯз то рӯз бештар мегарданд. 

Ба навиштаи The Guardian, истифодаи зеҳни сунъӣ ба бахши маъракаҳои пешазинтихоботии оянда дар ИМА табдил хоҳад ёфт. Нашрия таъкид мекунад, ки зеҳни сунъӣ дар муборизаи сиёсӣ барои эҷоди аксҳо ва видеоҳои фиребанда бештару бештар истифода мешавад.

The Guardian менависад, ки дар интихоботи ахири шаҳрдории Ню-Йорк бисёр номзадҳо ва ситодҳои онҳо наворҳои таблиғотии интихоботиро бо истифода аз зеҳни сунъӣ месохтанд.

Шаҳрдори амалкунандаи Ню-Йорк Эрик Адамс видеое офарид, ки тибқи муҳтавои он, бо пирӯзии рақибаш Зоҳран Мамданӣ шаҳр гӯё аз ҷанг пурра хароб шуд.

Номзади дигар  Эндрю Куомо  дар нажодпарастӣ ва исломофобия айбдор шуд, ситоди интихоботии ӯ низ дар X видеои сохтаи зеҳни сунъӣ нашр кард. Дар он саҳнае нишон дода мешуд, ки Мамданӣ бо дастонаш биринҷ мехӯрад ва марди сиёҳпӯст дар мағоза дуздӣ мекунад. Ситоди Куомо баъдан видеоро ҳазф кард ва гуфт, ки он «тасодуфан» нашр шудааст.

Дар иёлати Ню-Йорк ситодҳои интихоботӣ уҳдадоранд, ки матлаби бо зеҳни сунъӣ тавлидшуда бояд бо аломати махсус ишора шавад. Дар ғайри сурат, Комиссияи интихоботии Ню-Йорк метавонад алайҳи онҳо парванда боз кунад.

Президенти ИМА Доналд Трамп низ аз зеҳни сунъӣ истифода бурдааст Ҳатто видеороликҳои тавлидшуда бо зеҳни сунъиро нашр кард. Дар моҳи октябр, дар раванди эътирозҳои No Kings, ки зидди сиёсатҳои Трамп равона шуда буданд, ӯ видеои сохтаи зеҳни сунъиро нашр кард, ки дар он гӯё худаш ҳавопаймои ҷангӣ меронд ва ба амрикоиҳо моеъи қаҳваранг мепошад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад