МУВАФФАҚИЯТРамзиддин Ҷӯраев: набудани муҳити дастрас моро маъюб мекунад

Рамзиддин Ҷӯраев: набудани муҳити дастрас моро маъюб мекунад

-

Рамзиддин барои лулиён омӯзиш баргузор намуд то онҳо аз ҳуқуқҳои хеш огоҳ бошанд
Қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” барои маъюбон як қатор имкониятҳо пешбинӣ кардааст ва ба онҳо иҷозат медиҳад, ки худ соҳибкории иҷтимоиро рушд диҳанд, ҳамзамон, ба дигар маъюбон ҷойи кор фароҳам оранд.
Рамзиддин Ҷӯраев, намояндаи Иттиҳодияҳои миллии маъюбон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз қабули ин қонун истиқбол мекунад ва ҳамзамон таъкид менамояд, ки кордиҳандагон барои маъюбон шароити кор фароҳам оранд, муҳити дастрас бояд муҳайё кунанд…

Рамзиддин Ҷӯраев, намояндаи Иттиҳодияҳои миллии маъюбон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст. Бинобар фалаҷшавӣ (полиомелит) дар яксолагӣ пойҳояш аз ҳаракат монданд. Аз он замон то ба ҳол ӯ бо ароба ҳаракат мекунад. Вале бо вуҷуд ин, ӯ тавонист соҳибилм гардад.

Ӯ беш аз 10 сол аст, ки ҳамчун намояндаи иттиҳодияи маъюбон дар ин ноҳия ба шахсони дорои маъюбият кумак мекунад. Заҳамоти Рамзиддин дар остонаи Ҷашни 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон аз ҷониби Президенти кишвар қадрдонӣ гардид ва ба ӯ хона тақдим намуд.
Рамзиддин мегӯяд, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 7 ҳазор маъюби синашон беш аз 18 ба сар мебаранд.
Ба иттилои Рамзиддин, ташкилоти онҳо ба маъюбон кумакҳои ҳуқуқӣ мерасонад, барои онҳо давраҳои омӯзишии гуногун баргузор менамояд.
Таъмини маъюбон бо ароба
Рамзиддин афзӯд, ки солҳои қабл муроҷиатҳои ашхоси маъюбиятдошта барои дарёфти кумакҳои моддӣ буд. Ҳоло онҳо муроҷиат мекунанд то ба онҳо ҷойҳои корӣ пайдо гардаду онҳо даромади мудовим дошта бошанд.
Бархе дигар аз муроҷиат барои дарёфти кор парҳез мекунанд, зеро, мактаб нахондаанд, тахассус надоранд.
“Давлату ҳукумат қарорҳои стандартиро оид ба муҳити дастрас, мактаб, донишгоҳ, ҷойи фарҳангӣ қабул мекунад, вале на ҳама ҷойҳо муҳити дастрас доранд. Агар ошёни якуми роҳрав (пандус) дошта бошад, маъюб метавонад ба он роҳ ёбад.”,-мегӯяд Рамзиддин.
Нигаронии Рамзиддин аз он аст, ки маъюбон дар бораи ҳуқуқҳои худ намедонанд ва ҳамчунин на ҳама ташкилоту ниҳодҳо барои ин гуруҳ муҳити дастрасро фароҳам меорад.
Рамзиддин дар ҳалқаи афроде, ки кумак дарёфт кардаанд
“Шахсан маро чӣ маъюб мекунад, набудани муҳити дастрас! Вақте ман ба ин ё он бино ворид шуда натавонам, ба нақлиёт ворид намешавам, агар мисли дигар шахсони оддӣ мушкилии худро бе кумаки шахси дуюм ҳал кунам, дигар маъюб нестам.”,-гуфт Рамзиддин.
Қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” барои маъюбон як қатор имкониятҳо пешбинӣ мекунад.
Қонун ба шахсони маъюб иҷозат медиҳад, ки худ соҳибкории иҷтимоиро рушд диҳанд, барои худ ва дигар маъюбон ҷойи кор фароҳам оранд.
Дар робита ба қабули ин қонун, имкониятҳои мавҷуда ва мушкилоти маъюбон бо Рамзиддин суҳбат кардем, ки фишурдаи он дар навор пешниҳод мегардад.

 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад