МУВАФФАҚИЯТКиҳо "Беҳтарин барномасоз" дониста шуданд?

Киҳо «Беҳтарин барномасоз» дониста шуданд?

-

Ғолибони озмуни «Беҳтарин барномасоз» эълон шуд. Дар номинатсияи барномасозӣ Бинёмин Афроимов, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ, соҳиби ҷойи 1-ум бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ мукофотонида шуд. Ҷойи 2-юм насиби Шокирӣ Муҳаммадризо Асрориддин, донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Сомон Усмонзода, донишҷӯи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, бо Диплом ва 3000 сомонӣ, ҷойи 3-юм насиби Назирҷон Тилабов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Шуҳрат Абдуқодиров, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бо Диплом ва 1500 сомонӣ мукофотонида шуданд.

Дар номинатсияи лоиҳаи инноватсионӣҷойи 1-ум сазовори Анушервон Исматов, донишҷӯи ДМТ, бо Диплом ва 5000 сомонӣ, ҷойи 2-юм насиби Шаҳбоз Мирзоев, донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Юсуфҷон Абдушаҳидов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, бо Диплом ва 3000 сомонӣ ва барои ҷойи 3-юм Шаҳром Шоҳимардонов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Умар Умаров, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, бо Диплом ва 1500 сомонӣ мукофотонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 24 октябр байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар озмуни «Беҳтарин барномасоз»-ро баргузор намуд. Соли дуюм аст, ки озмуни «Беҳтарин барномасоз» дар ин донишгоҳ доир мегардад ва ин навбат иштирокчиёнро аз 23 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар ҷамъ овардааст.
Озмун аз рӯйи 2 номинатсия, технологияҳои иттилоотӣ ва таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ оид ба автоматикунониии зерсохторҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор мегардад, ки дар он 39донишҷӯ аз 23 муассисаи таҳсилоти олии кишвар иштирок кардаанд.
Аксҳаз саҳифаи фейсбукии ДДМИТ
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад