ҲАЁТИ СОЛИМШоҳи футбол 85 сол қабл ба дунё омада буд

Шоҳи футбол 85 сол қабл ба дунё омада буд

-

Беш аз 1000 гол ва се унвони қаҳрамонии ҷаҳон: чӣ гуна Пеле Подшоҳи футбол шуд. Агар имрӯз зинда мебуд, синаш ба 85 мерасид. пуррБа ҳамлагари афсонавии Бразилия Пеле 85-сола мешуд.

Ин бозигар 29 декабри соли 2022 ин ҷаҳонро тарк кард… 23 октябри соли 1940 яке аз бузургтарин ситораҳои таърихи футбол  Эдсон Арантес ду Насименту маъруф бо номи Пеле ба дунё омад. Ӯ хеле барвақт  тахаллуси ифтихории «Шоҳи футбол»-ро гирифт.

Пеле дар оилаи футболбоз ба дунё омада, устоди аввалини ӯ падараш Дондино буд. Ӯро ба шарафи ихтироъкори амрикоӣ Томас Эдисон ном гузоштанд, вале бо сабаби иштибоҳи ҳуҷҷатгузорӣ номи ӯ Эдсон сабт гардид.

Дар ҳафтсолагӣ Эдсон ба тими мактабӣ ҳамроҳ шуд ва зуд ба яке аз бозингарони беҳтарин табдил ёфт. Дар ҳамин давра лақаби “Пеле” пайдо шуд, маҳфуме, ки маънояшро ҳатто худи ӯ намедонист.

Дар 15-солагӣ мураббии ӯ Валдемар де Брито, ки собиқ бозигари тими миллии Бразилия буд, ӯро ба клуби «Сантос» тавсия дод. Маҳз аз ин ҷо роҳи Пеле ба сӯи муваффақият оғоз ёфт.

Пеле дар 16-солагӣ ба тими миллии Бразилия даъват шуд. Дар Ҷоми ҷаҳон-1958 дар Шветсия ӯ танҳо 17-сола буд, вале бо 6 гол, аз ҷумла хет-трик дар нимфинал ва ду гол дар финал, Бразилияро ба аввалин унвони ҷаҳонии худ бурд.

Пеле дар се Ҷоми ҷаҳон (1958, 1962, 1970) ғолиб омад то ҳол ягон бозингар ба чунин дастоварди таърихӣ ноил нашудааст.

Соли 1970 ӯ роҳбари тими афсонавии Бразилия буд, ки то имрӯз яке аз беҳтаринҳо дар таърихи футбол дониста мешавад.

Рекордҳо ва дастовардҳо:

  • Беш аз 1000 гол дар 1116 бозӣ барои «Сантос»
  • Се қаҳрамонии ҷаҳон, рекорди беназир барои як бозингар.
  • 92 хет-трик дар карера, бештар аз Роналду ва Месси.
  • Ҷавонтарин голзан дар таърихи Ҷоми ҷаҳон (17 солагӣ).
  • Ду бор ғолиби Ҷоми Либертадорес ва ду бор соҳиби Ҷоми байниқитъавӣ.
  • Дар соли 1970 — беҳтарин бозигари ҷаҳон.

Пас аз анҷоми фаъолияти касбӣ дар Бразилия, Пеле барои баланд бардоштани обрӯи футбол ба ИМА рафт ва бо клуби «Ню-Йорк Космос» шартнома баст. Ӯ соли 1977 қаҳрамони ИМА гардид ва ба рушди футболи амрикоӣ саҳми бузург гузошт.

Пеле бо сабаби саҳм ва шӯҳрати бемислаш аз ҷониби ФИФА ва Федератсияи байналмилалии таърих ва оморҳои футбол беҳтарин бозигари асри XX эълон шуд.

Гарчанде ки рекордҳои голҳои ӯ баъдтар аз ҷониби Роналду ва Месси шикаста шуданд, Пеле ҳамоно рамзи серталош  барои миллионҳо кӯдак дар тамоми ҷаҳон боқӣ мондааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад