ОЛАМИ МАҶОЗӢЗеҳни сунъӣ рақиб ё дастёри инсон?

Зеҳни сунъӣ рақиб ё дастёри инсон?

-

Аксарият бо шунидани маҳфуми зеҳни сунъӣ бобати роботҳое фикр мекунанд, ки барои осон кардани корҳо тарҳрезӣ шудааст ва дар оянда ҷойгузини одамон мегардад.

Эҳтимол филмҳои илмию бадеӣ ба ин тахайюлот боис гашт, аммо воқеият дигар аст. Зеҳнӣ сунъӣ технологияест, ки қобилияти зиёде дорад. Албатта, ин қобилияти тафаккур аз он чизе, ки мо ҳамчун тафаккури инсонӣ медонем, хеле фарқ мекунад, аммо дар асл кӯшиш мекунад, ки ба он тақлид кунад.

Зеҳни сунъӣ як бахши илми информатика буда, яъне, илм ва муҳандисии системаҳои интеллектуалӣ дониста мешавад. Ба ибораи дигар, зеҳни сунъӣ маҷмӯи технологияе маҳсуб мешавад, ки метавонад вокунишҳои монанди рафторҳои инсони оқил, аз ҷумла, дарки шароити печида, монандсозии равандҳои тафаккурӣ, шеваҳои далеловарии инсонӣ ва посухи муваффақ ба онҳо, ёдгирӣ ва тавоноии касби дониш ва далел барои ҳалли масъалаҳоро дошта бошанд.

Таърихи зеҳни сунъӣ

Дар бораи пайдоиши тадқиқот оид ба зеҳни сунъӣ ақидаҳои гуногун мавҷуданд. Аммо мо хуб медонем, ки сухан дар бораи зеҳни сунъии бидуни компютер бемаънист; аз ин рӯ, муҳокимаи таърихии зеҳни сунъӣ бидуни назар кардан ба таърихи компютерҳо комил нахоҳад буд.

Идеяи истифодаи зеҳни сунъӣ тақрибан дар соли 1943, вақте ки аввалин компютерҳои электронӣ ба вуҷуд омад, пайдо шуд…

Рушди забонҳои барномасозӣ бо мурури замон ва истифодаи имкониятҳои нави барномасозии компютерӣ, як соҳаи нав бо номи зеҳни сунъӣ босуръат инкишоф меёбад. Пас аз ин давра, ширкатҳо ва муассисаҳои давлатӣ ва низомӣ ба истифода ва таҳқиқоти зеҳни сунъӣ таваҷҷӯҳи зиёд пайдо карданд. Бо рушди таҷҳизоти зеҳни сунъӣ дар соли 1986, ин соҳа ба тиҷорати бисёрмиллиондоллара табдил ёфт.

Солҳои баъдӣ зеҳни сунъӣ асосан барои истифода дар бозиҳо ва масъалаҳо таҳия шуд. Дар солҳои 1990-ум роботҳо бо истифода аз зеҳни сунъӣ барои бозиҳои компютерӣ сохта шуданд. Дар ин бозиҳо роботҳо бузургтарин устодони шоҳмот дар ҷаҳонро мағлуб карданд.

Аз соли 2010 инҷониб бо истифода аз зеҳни сунъӣ навъҳои зиёди маҳсулот истеҳсол карда мешаванд. Ин маҳсулотҳо ҳам нармафзор ва ҳам сахтафзор ҳастанд, ки аз ҷониби ширкатҳои ба монанди Apple, Google ва Microsoft ба фурӯш бароварда шуданд.

Ҳадафи асосии зеҳни сунъӣ таҳияи мошинҳои интеллектуалӣ мебошад, ки мустақилона омӯхта метавонанд.

Аммо дар маҷмӯъ, ҳадафҳои зеҳни сунъиро метавон ба якчанд категорияҳои асосӣ тақсим кард.

1- Баҳс ва ҳалли мушкилот:

Аввалин муҳаққиқони зеҳни сунъӣ алгоритмҳоеро таҳия карданд, ки ба усули зина ба зина барои ҳалли муаммоҳо ё хулосаҳои мантиқӣ тақлид мекунанд. Мулоҳиза дар зеҳни сунъӣ ба мошинҳо кӯмак мекунад, ки мантиқӣ фикр кунанд ва амалҳоеро мисли одамон иҷро намоянд.

Ҳалли мушкилот як соҳаи муҳими тадқиқот дар зеҳни сунъӣ мебошад, ки ба мошинҳо дар ҳалли мушкилот, пайдо кардани ҳалли мантиқӣ ва пешгӯиҳо дар асоси маълумот ва маълумоти мавҷуда кӯмак мекунад. Мулоҳиза яке аз қобилиятҳои асосии зеҳн аст, хоҳ одамӣ ва хоҳ сунъӣ, ки ба одамон ва ҳам мошинҳо донишҳоеро тавлид кунанд, ки қаблан шарҳ дода нашудаанд.

2- Муҳандисии дониш:

Бисёре аз мушкилоте, ки мошинҳо бояд ҳал кунанд, дониши васеъро дар бораи ҷаҳон талаб мекунанд. Объектҳо ва муносибатҳои байни ашё, ҳолатҳо, вақт ва макон, ҳодисаҳо ва сабабу оқибатҳои онҳо ҳама донишҳое мебошанд, ки бояд муаррифӣ карда шаванд. Муҳандисии дониш дар таҳқиқоти зеҳни сунъӣ муҳим аст.

Онтология маҷмӯи ашё ва ҳодисаҳо, муносибатҳо, мафҳумҳо ва ғайра мебошад, ки мошинҳо аз онҳо огоҳанд, яке аз ҳадафҳои зеҳни сунъӣ ва асоси тамоми илмҳои дигар мебошад. 

3- Банақшагирӣ:

Мавҷудияти соҳибақл бояд барои муайян кардани харитаи оянда ҳадафҳо гузошта, ба онҳо ноил гарданд. Яке аз ҳадафҳои зеҳни сунъӣ қодир ба шарҳи вазъи ҷаҳонист, ки чӣ тамоюлҳои атрофи он тағир меёбад. Қобилияти банақшагирӣ ба системаи интеллектуалӣ кӯмак мекунад, ки пешгӯиҳои худро арзёбӣ кунад ва дар асоси ин арзёбӣ ба муҳити атроф мутобиқ шавад.

4- Омӯзиш:

Омӯзиши мошинсозӣ аз замони пайдоиши худ яке аз мафҳумҳои бунёдии таҳқиқоти зеҳни сунъӣ буд. Омӯзиши алгоритмҳои компютерӣ, ки кори мошинҳоро тавассути таҷриба ба таври худкор беҳтар мекунад, ҳадафи дигари зеҳни сунъӣ мебошад.

5- Интеллекти иҷтимоӣ:

Интеллекти иҷтимоӣ қобилияти фаҳмидани дигарон ва рафтори мантиқӣ ва эҳсосотӣ нисбат ба дигарон мебошад. Омӯзиш ва таҳияи системаҳое, ки амалҳои инсонро муайян, тафсир, коркард ва тақлид мекунанд, яке аз ҳадафҳои зеҳни сунъӣ мебошад. Интеллекти иҷтимоӣ як соҳаи байнисоҳавӣ мебошад, ки илмҳои компютерӣ, психология ва илми маърифатиро дар бар мегирад.

6- Эҷодкорӣ:

Эҷодкорӣ як зерсоҳаи зеҳни сунъӣ мебошад. Дар зеҳни сунъӣ, эҷодкорӣ аз нуқтаи назари психологияи фалсафӣ аз ҷиҳати назариявӣ тафтиш карда мешавад ва амалан ба татбиқи системаҳои мушаххас бо натиҷаҳои хеле муфид оварда мерасонад.

Тоҷикистон ва зеҳни сунъӣ

Дар Тоҷикистон раванди таҳияи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ идома дорад. 27 июли 2021 вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар бораи таъсиси Шӯрои зеҳни сунъӣ дар назди Вазорати саноат фармон имзо карда буд ва раиси Шӯро Азизҷон Азимӣ, муассиси аввалин маркази зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ t.ai lab.таъин шуд.

Ахиран Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси олӣ барои қабул ва таҳияи Стратегияи рушди зеҳнӣ таъкид намуд:»Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати таҳия ва васеъ истифода намудани технологияҳои муосир дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди мамлакат Стратегияи миллии «зеҳни сунъӣ»-ро қабул ва татбиқ намояд.»

Мақола бо истифода аз матолиби интернет таҳия шудааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Шабакаи X Сан-Франсискоро тарк мекунад

Шабакаи иҷтимоии X имрӯз, 13 сентябр Сан-Франсискоро тарк мекунад. Идораи шабакаи иҷтимоии X Сан-Франсискоро бо сабаби қонуни гендерӣ тарк...

4 медали биринҷӣ аз Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён

Варзишгарони тоҷик то кунун дар Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон соҳиби 4 медали биринҷӣ гардидаанд. Дадахон Қурбоналиев,...

Рақибони мунтахаби футзали Тоҷикистон киҳоянд?

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми ҷаҳон-2024 вориди Тошканд шуд.  Бозиҳо аз 14 сентябр то 6 октябр баргузор...

Хадамоти мухталифи хориҷӣ фаъолияти худро дар Русия қатъ карданд

Хадамоти мухталифи хориҷӣ аз 12 сентябр фаъолияти худро дар Русия қатъ карданд. Аксари ширкатҳо бинобар таҳримҳои нави Амрико ин...
spot_imgspot_img

Дар рӯйхати забонҳои iPhone 16 забони русӣ вуҷуд надорад

Аксари маълумоте, ки қабл аз муаррифӣ дар бораи iPhone 16 паҳн шуда буд, тасдиқи худро ёфт. Тағйироти асосӣ ба...

Сафорат: бе зарурати ҷиддӣ муваққатан аз сафар ба ин кишвар худдорӣ намоед!

Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо назардошти пурзӯр гардидани низоми назорати вуруди шаҳрвандони хориҷӣ аз сарҳади давлатӣ дар гузаргоҳҳои...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад