Дар шаш моҳи соли равон ҷинояткорӣ байни ноболиғон то 40 дар сад кам шудааст. Вале муноқишаҳои хунин, истифодаи силоҳи сард низ дар ин нимсола мушоҳида шудааст.
Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки “дар нимсолаи 2023-юм 258 ҷиноят аз ҷониби ноболиғон содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-ум 173 ҳолат (40,1%) кам мебошад.”
Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби мақомоти пурокуратура 79 ҳолати таълимоти ғайриқонунии динии ноболиғон бо иштироки 206 нафар ошкор шудааст, ки аз ин 180 нафарашон хонандагони муассисаҳои таълимӣ будаанд.
Баракатуллоҳ Камолзода, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералӣ мегӯяд, агарчи дар баъзе минтақаҳо содиршавии ҷиноят байни ноболиғон афзӯдааст, вале дар умум, ҷинояткорӣ байни ноболиғон ин нимсола 40% кам шуд.
“Дар содиркунии 258 ҷиноят 301 ноблиғ иштирок кардаанд. Се ҳолати содиркунии ҷиноят бо силоҳи сард ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳолат кам мебошад. Ҷиноятҳо аз рӯйи кинаю адоват содир нашудаанд. Се ҳолати истифодаи силоҳи сард дар пайи муноқишаҳои байнимактабӣ буданд”, -иттилоъ дод сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералӣ зимни нишасти матбуотӣ.
Яке аз мудҳиштарин ҳодиса моҳи июн рӯх дод, ки 9 ноболиғро пушти панҷара ва ҷони як ноболиғро рабуд.
Рӯзи 9 июни соли равон муноқиша байни ду гурӯҳи наврасон дар шаҳри Душанбе рӯй дод. Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе,муноқиша аз баҳси лафзии ду наврас дар шабакаи иҷтимоӣ оғоз шудааст.
Худи он рӯз “Б.Д. дар шабакаи иҷтимоии Instagram бо С.З. вориди баҳси лафзӣ шуда, онҳо ҳамдигарро бо алфози қабеҳ таҳқир кардаанд. Баъдан, барои ҳалли моҷаро онҳо дар кӯчаи А .Навоӣ, маҳаллаи 91-уми Душанбе мулоқот таъин кардаанд”, — зикр мешавад дар изҳороти сухангуи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

С.З бо се ҳамроҳаш ва Б.Д. бо чаҳор дӯсташ бо корд мусаллаҳ шуда, ба макони маслиҳатшуда ҳозир шудаанд.
Мувофиқи маълумотҳои назорати видеоӣ, соати 21:57 дар назди маркази бозиҳои компютерӣ задухӯрд сар зад. Дар ҷараёни занозанӣ яке аз бачаҳо С.З.-ро латукӯб карда, ба ӯ ду корд задааст. Б.Д. ба шиками С.З. боз як зарбаи сахт мезанад. Дар натиҷаи талафи зиёди хун С ба ҳалокат расидааст.
Охири моҳи марти соли равон хонандаи синфи 10 мактаби рақами 5-и шаҳри Кӯлоб, ки аз тарафи ҳамсинфаш ба зарби корд захмӣ шуда буд, даргузашт.
Суди олӣ моҳи январи имсол як ноболиғро барои занозанӣ ва қатли ҳамсолаш 11 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Додгоҳ 10 январи соли 2023 ноболиғ Ҳ.Ҳ. -ро барои одамкушӣ гунаҳгор дониста, ин нафарро 11 сол аз озодӣ маҳрум намуд.
Зеро, ин хонандаи синфи 8-ум аз ноҳияи Рӯдакӣ дар пайи як муноқишаи гурӯҳӣ байни хонандагони синфҳои 8 ва 9 -и як мактаби ноҳияи Рӯдакӣ ва ҳам як муассисаи таълимии шаҳри Душанбе ноболиғ Колдашев А.А.-ро бо корд захмӣ кардааст, ки зимни интиқол ба Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар як амалиёти “Корд” бо худ гардондани силоҳи сард аз ҷониби ноболиғонро ташвишовар хонда буд.
“Ташвишовар он аст, ки баъзе аз наврасон бо худ гардонидани корд ва дигар намуд предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро ба қавле ба «муд» табдил дода, ҳатто бо корд мусаллаҳ будани худро ба навор ва расм гирифта, бо мақсади худнамоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн месозанд.”,-омада буд дар изҳороти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Қонунгузорӣ ноболиғро замоне ҷинояткор медонад, ки дар вақти содир намудани ҷиноят 14-солагиро пур карда, вале ба синни 18-солагӣ нарасидааст.
Ба ноболиғоне, ки бори аввал ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда намешавад ва агар санксияи моддаи қисми махсус ғайр аз ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дигар намуди ҷазоро пешбинӣ накарда бошад, он гоҳ суд ҷазоҳои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набудаи дар қисми умумии ҳамин Кодекс пешбинишударо дар доираи ҳаҷм ва муҳлатҳои пешбининамудаи қисми умумии ҳамин Кодекс таъйин менамояд. Мувофиқи моддаи 87-и Кодекси ҷиноятӣ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба ноболиғоне таъйин карда мешаванд, ки дар синни то 16-солагӣ ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин содир намудаанд…
Таълиму тарбияи фарзанд фаъолияти дастаҷамъонаи падару модар, мактабу давлат ва ҷомеа маҳсуб мешавад.
Тибқи талаботи моддаи 12-и қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” омӯзгор, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд, уҳдадорӣ доранд.
Ба таъкиди ҷомеашиносон, ҳоло синну соли ҷинояткории ноболиғон аз 12 то 16 аст. Зеро инро давраи гузариш мегӯянд. Ба воситаи ҷинояткорӣ маҳз баъзе наврасон мавқеи худро дар ҷомеа ёфтанӣ мешаванд.
Равоншиносон мегӯянд, аз нуқтаи назари психологӣ даст задани наврасон ба ҷинояткорӣ омилҳое монанди беэътибории волидайн, муҳити дӯстон ва ғайра аст.
Шумо чӣ назар доред, тариқи шабакаҳои иҷтимоии мо фикру андешаи хешро нависед:
YouTube: https://youtube.com/@jomtojikiston?si...
Instagram: https://www.instagram.com/jomtojikiston/
Facebook: https://www.facebook.com/JOMTajikistan
Тик Ток: http://tiktok.com/@jomtojikiston
Twitter: https://twitter.com/JOMTajikistan