ҲАЁТИ СОЛИМЭкспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ. Чаро он муҳим аст?

Экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ. Чаро он муҳим аст?

-

Экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз василаҳои муҳимтарин дар низоми пешгирии коррупсия мебошад. Моҳияти ин раванд дар он аст, ки ҳанӯз дар марҳилаи таҳия ва қабули қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрӣ омилҳои эҳтимолии бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор ва бартараф карда шаванд.

Ин раванд на танҳо як талаботи техникӣ, балки кафолати он аст, ки қонунҳо аз ибтидо орӣ аз «шикофҳо»-и коррупсионӣ бошанд.

Қонунҳои номукаммал, меъёрҳои норавшан, истифодаи калимаҳо ва ибораҳои носаҳеҳ (меъёрҳои «каучугӣ») метавонанд омилҳои коррупсиониро ба миён оранд. Экспертиза маҳз ҳамин гуна меъёрҳоро муайян мекунад.

Барот Расулӣ, сардори раёсати экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар матлаби худ менависад, ки мавҷуд будани омилҳои коррупсионӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо метавонад боиси поймолшавии ҳуқуқҳои шаҳрвандон гашта, раванди танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятиро дар ҳолати ногувор қарор диҳад. Зеро мавҷудияти омилҳои коррупсионӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба асосҳои ҳуқуқии содир намудани амалҳои коррупсионӣ шароит фароҳам оварда, фаъолияти субъектони татбиқи ҳуқуқро ҷиҳати содир намудани кирдорҳои коррупсионӣ аз нигоҳи ҳуқуқӣ расмӣ мегардонад.

Бинобар ин, фаъолияти босамари экспертизаи давлатии зиддикорупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо барои ҷой гирифтани омилҳои коррупсионӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо монеа эҷод намуда, ҷиҳати бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, ки баъдан солҳои 2018 ва 2023 тағйиру иловаҳо ворид гардид, тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян гардидааст. Вале заминаи ҳуқуқӣ ҳанӯз соли 2012 фароҳам гардида буд, зеро қонун “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” қабул гардид.

Тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон, лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидошта бояд ҳатман аз арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ гузаронида шаванд.

Ин қарор мақоми ваколатдорро, ки экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ мегузаронад, муваззаф менамояд, ки аз рӯи натиҷаҳои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ хулоса таҳия карда мешавад. Дар сурати ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, хусусияти онҳо, пешниҳодҳо оид ба бартараф намудани онҳо, тавсияҳо оид ба ворид намудани чораҳои пешгирикунанда ба таври алоҳида оварда мешаванд.

Экспертизаи зиддикоррупсионӣ занҷири асосиест, ки қонунҳои кишварро аз заҳри фасод пок месозад. Ин як «назорати сифат»-и ҳуқуқӣ аст, ки набояд танҳо ҳамчун як тартиби расмӣ, балки ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати зиддикоррупсионӣ арзёбӣ гардад, ки ба таҳкими давлати ҳуқуқбунёд ва рушди одилонаи иқтисодӣ мусоидат мекунад.

Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, ниҳоди зери роҳбарии ӯро чандин санад муваззаф менамояд, ки экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёри ҳуқуқиро мунтазам гузаронанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири тандурустӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дидан кард

20-уми октябри соли равон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказии...

Воридоту содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ дар кишвар манъ шуд

Тағйироти ахир ба қонун, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии интиқоли никотин, аз ҷумла сигорҳои электрониро...

OpenAI риёзидонҳоро дастгирӣ кард

Пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи риёзидонҳо нисбат ба OpenAI, ин ширкат тасмим гирифт, ки ба як фонди дастгирии таҳқиқоти...

Канада тарҳи бунёди ноқили зериобиро барои пайвастшавӣ бо Аврупо баррасӣ мекунад

Ҳукумати Канада тарҳи маблағгузорӣ ва сохтмони хати ноқили зериобии фароатлантикиро меомӯзад, ки Канада ва Аврупоро мустақиман, бидуни убур аз...
spot_imgspot_img

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии...

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад