ОЛАМИ МАҶОЗӢAI Conf 2025 - платформаи нав барои Тоҷикистон

AI Conf 2025 — платформаи нав барои Тоҷикистон

-

Исме чанде аз иштирокчиёни конфронс, ки суханронӣ мекунанд

Имрӯз, 25 октябри соли 2025 шаҳри Душанбе мизбони яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои технологӣ — AI Conf 2025 шуд, ки дар он ояндаи зеҳни сунъӣ на танҳо муҳокима, балки бевосита сохта мешавад.

AI Conf 2025 — платформаи нав барои Тоҷикистон на танҳо муҳити илмӣ ва тиҷоратиро мепайвандад, балки Тоҷикистонро ҳамчун маркази навбатии AI дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ мекунад.

Конфронс таҳти шиори “The Future of Artificial Intelligence is Being Built Here and Now!” (“Ояндаи зеҳни сунъӣ маҳз ҳамин ҷо ва ҳамин ҳоло сохта мешавад!”) баргузор шуда, беш аз 30 кишвари ҷаҳон, аз ИМА то Фаронса, аз Амороти Муттаҳидаи Араб то кишварҳои Осиёи Марказӣ  дар он намоянда хоҳанд дошт.

Дар маркази таваҷҷуҳ тавсеаи экосистемаи AI дар Тоҷикистон, татбиқи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ ва энергетика, ҳамчунин ҷалби сармоягузориҳои байналмилалӣ ба лоиҳаҳои навоварона мебошад.

Дар рӯзномаи конфронс мубоҳисаҳо ва мубодилаи таҷрибаҳо сурат гирифта, бобати нақшаи миллии рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон низ гуфта мешавад.

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон; Азизҷон Азимӣ, раиси Шӯрои зеҳни сунъӣ суханронӣ мекунанд.

Карим Айюб, ноиби президенти Google DeepMind, Сара Ҳукер – ҳаммуассиси Adaption Labs, Ҷаннета Табаков – роҳбари рушди ширкат Perplexity AI, Антон Ҷораев, директори минтақавии NVIDIA барои кишварҳои ИДМ, Аукен Тунгатарова, мутахассиси маорифи рақамии ЮНИСЕФ, Артур ван Дисен – намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Юсеф Салим, директори молиявии ADNOC Drilling, Магжан Мадиев, директори генералии Astana Hub
ва дигар мутахассисони соҳаи технология суханронӣ мекунанд.

Акс аз шабакаи фейсбук

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад