МУВАФФАҚИЯТНассоҷони тоҷик сохтани дӯкони интернетиро омӯхтанд

Нассоҷони тоҷик сохтани дӯкони интернетиро омӯхтанд

-

Сохтани дӯкони касбии интернетӣ бо василаҳои замонавии ҷалби муштарӣ ва эҷоди муҳтавои ҷолиб, чигунагии тиҷорати электронӣ бо ҳадафи боз кардани роҳи соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва роҳёбӣ ба бозорҳои интернетии ҷаҳонӣ зимни силсилавебинарҳо омӯзонида шуд.

Вебинарҳои моҳи марти соли 2022 иштироккунандагонро бо бозорҳои минтақавии интернетии мӯд ва либос, лоиҳаҳои тиҷорати электронӣ, муҳиммияти ҳузур дар интернет, ва ҳамчунин, истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои пешбурду фурӯш шинос намуданд.

Коршиноси Маркази тиҷорати байналмилалӣ ва тренер Тамари Миминошвилӣ чӣ гуна ба платформаи муфид барои соҳибкории хурду миёна ҷиҳати муаррифии брендашон ва афзоиши фурӯши маҳсулоташон табдил гардидани бозорҳои интернетиро шарҳ додааст. 

Ширкатҳои тоҷик, ҳамчунин, сохтани дӯкони касбии интернетӣ бо василаҳои замонавии ҷалби муштарӣ ва эҷоди муҳтавои ҷолибро омӯхтанд. Онҳо тарҳрезии лоиҳаҳои онлайнии мустақим-бо-муштарӣ, эҷоди сохтори гуруҳи кормандон оид ба тиҷорати электронӣ ва ҳалли масъалаҳои рӯзмарра, ба монанди логистика, идораи анбор, ва омодаву ирсоли фармоишҳоро низ ошноӣ пайдо карданд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад