ОЛАМИ МАҶОЗӢTikTok дар Амрико зери назорати ин кишвар мегузарад

TikTok дар Амрико зери назорати ин кишвар мегузарад

-

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Чин дар мавриди шароити созиш оид ба TikTok ба мувофиқа расиданд.

Тибқи иттилои Вазорати тиҷорати Чин, дар пайи гуфтушунидҳои 14–15 сентябр дар Мадрид намояндагони ду кишвар дар бораи  зери назорати ҷониби амрикоӣ гузаштани шабакаи иҷтимоии TikTok ба созиш расиданд.

Аз ҷониби Чин гуфтушунидро муовини сарвазири Шӯрои давлатии Чин Хэ Лифэн ва аз ҷониби ИМА вазири молияи ин кишвар Скотт Бессент ва намояндаи тиҷоратӣ Ҷеймесон Грир роҳбарӣ карданд.

Дар изҳорот омадааст, масъаллаи TikTok бояд «бо роҳи ҳамкорӣ, коҳиши монеаҳои сармоягузорӣ ва мусоидат ба ҳамкориҳои мувофиқи тиҷоратию иқтисодӣ» ҳал карда шаванд.

Соли 2024 президенти собиқи ИМА Ҷо Байден қонунеро имзо карда буд, ки ширкати чинӣ ByteDance-ро водор месохт TikTok-ро бифурӯшад. Дар акси ҳол, фаъолияти ин шабака дар ҳудуди Амрико қатъ мегардид. Пас аз савгандёдкунии Доналд Трамп иҷрои қарор муваққатан ба таъхир гузошта шуд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад