ҲАЁТИ СОЛИМСарвазири Испания: Исроил аз мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ канор гузошта...

Сарвазири Испания: Исроил аз мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ канор гузошта шавад

-

Акс аз euronews.com

Педро Санчес, Сарвазири Испания  даъват намудаастааст, ки то поёни ҷанг дар Ғазза, Исроил аз мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ канор гузошта шавад.

«Мавқеи мо равшан аст: то замоне ки ин ваҳшигарӣ идома дорад, на Русия ва на Исроил бояд дар мусобиқаҳои байналмилалии пешомада ширкат кунанд.», – навиштааст Санчес дар шабакаи иҷтимоии X.

Дар ҷараёни марҳилаи охири «Вуэлта», гурӯҳи эътирозгарон бо далели иштироки дастаи исроилии Israel Premier Tech монеаҳои муҳофизатиро дар наздики хатти марраи дучархаронҳотахриб карда бо пулис даргир шуданд. 

 Ҳукумати Испания қаблан ба дастаи Israel Premier Tech пешниҳод карда буд, ки аз ширкат дар ин мусобиқа даст кашад.

Дар ҳамин ҳол, Гидеон Саар, вазири корҳои хориҷии Исроил ба изҳороти Санчес посух дода, ӯро «зиддияҳуд ва дурӯғгӯ» номид.

«Оё ин Исроил буд, ки 7 октябр ба Ғазза ҳамла кард? Ё ин давлатчаи террористии ҲАМОС дар Ғазза буд, ки ба Исроил ҳамла карда, бузургтарин қатли омми яҳудиён аз замони Холокостро анҷом дод. Санчес ва ҳукумати коммунистии ӯ зиддияҳудӣ ва душмани ҳақиқат ҳастанд.», – таъкид намудааст вазири корҳои хориҷии Исроил

о чунин лаҳзаро рабуданд. Ҳар кас ҳаққи эътироз дорад, вале на ба чунин шакл, ки ба мусобиқаи мо халал расонад ё онро зери хатар гузорад», – гуфт Вингегор. Баъдтар, дастаҳо маросими худҷӯшона баргузор карданд, то варзишгарон пирӯзиро таҷлил намоянд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад