ОЛАМИ МАҶОЗӢАлбания. Вазире, ки ҷисман вуҷуд надорад...

Албания. Вазире, ки ҷисман вуҷуд надорад…

-

Дар Албания вазире таъин шуд, ки ҷисман вуҷуд надорад ва он офаридаи зеҳни сунъӣ аст. Ин вазир масъули хариди давлатии кишвар хоҳад буд.

Эди Рама, сарвазири Албания ёвари рақамии Diella-ро, ки ба шаҳрвандон барои истифода аз хадамоти давлатӣ дар интернет кумак мерасонад, вазир таъйин намуд. 

Diella, ки дар забони албанӣ маънои «Офтоб»-ро дорад, аз моҳи январ дар портали давлатӣ e-Albania ба шаҳрвандон машварат медиҳад. Бо фармонҳои овозӣ ӯ тамоми корҳои бюрократӣ иҷро мегардад.

«Diella аввалин узви ҳукумат, ки ҷисман вуҷуд надорад, балки тавассути зеҳни сунъӣ сохта шудааст, ба Албания кумак мекунад то кишвари мо дар озмунҳои давлатӣ 100% аз фассод орӣ бошад.», — гуфтааст Эди Рама.

Салоҳиятҳои муайян кардани ғолибони озмунҳои давлатӣ тадриҷан аз вазоратҳо ба зеҳни сунъӣ дода мешаванд, то хароҷоти давлатӣ дар ҷараёни тендерҳо пурра шаффоф бошанд.

Diella ҳар як тендерро, ки дар он ҳукумат бо ширкатҳои хусусӣ шартнома мебандад, санҷида, бартарии ҳар як пешниҳодро ба таври объективӣ арзёбӣ хоҳад кард. Тендерҳои давлатӣ дар Албания кайҳо боз ба манбаи моҷароҳои коррупсионӣ табдил ёфтаанд. Ба гуфтаи коршиносон, ин кишвар ба маркази гурӯҳҳои байналмилалии ҷиноятӣ табдил ёфта, коррупсия ба сатҳи баланди ҳукумат роҳ ёфтааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад