БИЗНЕС-КЛУБМулоқоти Амонзода бо мудири Дафтари ҳамоҳангсозии сиёсати ҳукумати Корея

Мулоқоти Амонзода бо мудири Дафтари ҳамоҳангсозии сиёсати ҳукумати Корея

-

Мудири дафтари ҳамоҳангсозии сиёсати ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ Ку Юн-Чол бо Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар маҷмааи ҳукуматӣ дар Сеул мулоқот намуд.

Сомонаи yna.co.kr иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот Ку Юн-Чол ва Амонзода роҳҳои густариши ҳамкории Кореяву Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. 

Ку Юн-Чол, мудири Дафтари ҳамоҳангсозии сиёсати ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ аз имзои ёддошти тафоҳум дар соҳаи кишоварзӣ бо шаҳрдори Сангҷу Канг Ёнг Сеок, ки 8 апрел сурат гирифта буд, ёдовар шуда, изҳори умедворӣ намудааст, ки ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи меҳнат вусъат меёбад:

«Умедворам, ки Ёддошти тафоҳум оид ба корҳои мавсимии кишоварзӣ ва моҳипарварӣ, ки ҳафтаи гузашта миёни Сангҷу, Кёнбук ва Тоҷикистон ба имзо расид, натиҷаҳои хуб хоҳад дод ва замина барои густариши ҳамкориҳои шуғли ду кишвар мешавад.»

Акси асосии матлаб аз сомонаи woorieconomy.com. Ширин Амонҷода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар утоқи протоколиии Фурудгоҳи байналмилалии Инчон

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад