МУВАФФАҚИЯТ25 барномаи Муҳаммад Ғанизода дар Play Market

25 барномаи Муҳаммад Ғанизода дар Play Market

-

Муҳаммад Ғанизода донишҷӯи факултаи фалсафаи ДМТ буда, ҳамзамон барномасозӣ, танзимгарӣ менамояду  шеър менависад.

Ӯ барномасозӣ ва кори танзимро бо худомӯзӣ аз худ кард. Барномасозиро омӯхт то ашъори бобояш Сафармуҳаммад Аюбиро дар шабакаи интернет ҷой диҳад. 

Охирин кори Муҳаммад-“Бӯстон”-и Саъдӣ Шерозӣ аст, ки дар шакли барнома дар Play Market ҷой дода шудааст.

Муҳаммад давоми ду сол 25 барнома таҳия ва дар Play Market ҷой намудааст. Ин корҳо ба 16 доллар суд овардааст. Вале ҳадафаш ба даст овардани фоидаи моддӣ набуда, балки хидат ба мардум аст.

«Кори мо душвор аст, барои омода кардани як барнома 10 рӯз то 1 моҳ вақт сарф мекунем. Аммо ин кори мо барои ҷомеа ниҳоят зарур аст. Ҳоло китоби “Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” -ро, ки муаллифи он вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон аст, дар шакли барнома омода дорам.»-нақл намуд Муҳаммад.

Муҳаммад бо тахаллуси Ғанизода Муҳаммади Кангуртӣ шеър менависад. Шеърҳояш тараннумгари Сулҳу Ваҳдат ва Истиқлолу Озодӣ буда, онҳоро Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода таҳрир менамояд. 

Ҳ. Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири тандурустӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дидан кард

20-уми октябри соли равон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказии...

Воридоту содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ дар кишвар манъ шуд

Тағйироти ахир ба қонун, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии интиқоли никотин, аз ҷумла сигорҳои электрониро...

OpenAI риёзидонҳоро дастгирӣ кард

Пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи риёзидонҳо нисбат ба OpenAI, ин ширкат тасмим гирифт, ки ба як фонди дастгирии таҳқиқоти...

Канада тарҳи бунёди ноқили зериобиро барои пайвастшавӣ бо Аврупо баррасӣ мекунад

Ҳукумати Канада тарҳи маблағгузорӣ ва сохтмони хати ноқили зериобии фароатлантикиро меомӯзад, ки Канада ва Аврупоро мустақиман, бидуни убур аз...
spot_imgspot_img

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии...

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад