ҲАЁТИ СОЛИМПутин: Ман гуфтам, ки вохӯрӣ мумкин аст, бигзор ба...

Путин: Ман гуфтам, ки вохӯрӣ мумкин аст, бигзор ба Маскав биёяд!

-

Владимир Путин рӯзи чоршанбе изҳор дошт, ки барои вохӯрӣ бо Владимир Зеленский, ки онро Доналд Трамп пешниҳод карда буд, омодааст, вале ин музокирот бояд танҳо дар Маскав баргузор шавад.

Раисиҷумҳури Русия дар нишасти матбуотӣ пас аз паради Ғалаба дар Пекин хабар дод, ки президенти ИМА Доналд Трамп аз ӯ хоҳиш кардааст бо Зеленский паси мизи музокирот нишинад ва масъалаи хотима додани ҷанги Русия дар Украина баррасӣ шавад.

«Ман гуфтам, ки ҳа, ин мумкин аст, бигзор ба Маскав биёяд.», — гуфт Путин.

Кремл борҳо таъкид кардааст, ки муҳлати ваколатҳои президентии Зеленский ба анҷом расидааст, ҳарчанд қонунҳои Украина дар шароити ҷангӣ ва ишғоли қисме аз қаламрави кишвар баргузории интихоботро манъ мекунанд.

Киев ба пешниҳоди Путин ҷавоби рад додааст. Вазири корҳои хориҷии Украина пешниҳодро «ғайриқобили қабул» мехонад.

Муовини аввали роҳбари дастгоҳи президентии Украина Андрей Сибига менависад:
«Ҳадди ақал ҳафт кишвар омодагии худро барои мизбонии мулоқоти роҳбарони Украина ва Русия ба хотири хотимаи ҷанг изҳор кардаанд: Австрия, Ватикан, Швейтсария, Туркия ва се кишвари Халиҷи Форс. Ин пешниҳодҳои ҷиддӣ мебошанд ва президент Зеленский омода аст ҳамеша вохӯрӣ баргузор шавад. Аммо Путин бо пешниҳоди шартҳои қасдан ғайриқобили қабул сардаргумӣ меорад».

Изҳороти нави Путин пас аз як қатор мулоқотҳое садо дод, ки бо ташаббуси Трамп дар моҳи август баргузор шуда буданд, аз ҷумла музокирот дар Аляска, ки ба зудӣ пас аз он бо Зеленский ва роҳбарони кишварҳои аврупоӣ ва НАТО дар Вашингтон идома ёфтанд.

Музокироти Аляска натиҷаи равшане ба бор наовард. Худи Трамп гуфт: «Мақсадҳо ҳанӯз ба даст наомадаанд, вале имкониятҳои хуб вуҷуд доранд».

Акнун президенти ИМА бар зарурати пешрафт дар раванди ҳалли низои Русия ва Украина таъкид карда, ваъда дод, ки Украина дар чорчӯби созишномаи сулҳ кафолатҳои ҷиддии амниятӣ хоҳад гирифт, зеро ба гуфтаи ӯ, Аврупо «хати аввали дифоъ» хоҳад буд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад