Хурдтарин далелро барои эҳёи ягон ҷузъи арзиши миллӣ меҷуем, аммо асноде бо ин фаровонию бузургиро барои эҳёи номи дирафш намебинем. Чаро?
ДАР БОРАИ ДИРАФШ:
Дирафши Ковиёнӣ – дирафш (байрақ)-и бузурги шоҳони нимаасотирии ориёиҳои қадим ва баъдан аввалин империяҳои азими ҷаҳонӣ – Ҳахоманишӣ, Ашконӣ ва Сосонии ориёӣ буд, ки мувофиқи ривоёти таърихӣ аз замони Фаридун боз вуҷуд доштааст, то дар ҳуҷуми араб ба дасти онон афтод ва нобуд шуд.
Агарчи ибтидои зуҳури он ба ибороти имрӯзӣ «асотирӣ»-ст, вале мавҷудияташ дар давраи Ҳахоманишиён то ба соли 632 комилан собитшуда аст. Яъне заррае ҷои шакку тардид нест, ки тӯли 1200 соли воқеии маълум – яъне то зуҳури ислом – муқаддастарин дирафши давлатдории мо – эронитаборон будааст.
Агарчи дар замони ислом номи ориёии он – “дирафш” ба номҳои арабии “роят”, “алам”, “ливо” ва баъдан дар радифи арабӣ туркии “байрақ” иваз шуд, вале то дербоз номи он боқӣ монд. Ҳатто Яъқуби Лайс ба халифа мактуб навишта гуфта буд, ки ман таҳти Дирафши Ковиёнӣ ба сӯи ту ҳамла мекунам ва баъдан тамоми миллатҳоро таҳти он идора хоҳам кард. Ин ном тақрибан то замони Ғазнавиён маъмул буд. То ин давра дар осори таърихию адабӣ ва махсусан ҳамосаҳои миллии мо – “Шоҳнома” ва “Гаршоспнома” танҳо номи дирафш истифода шудааст. Агарчи истифодаи ин калима дар давлатдориҳои баъдӣ маҳву нобуд карда шуд, вале дар осори бузургони миллии мо то дербоз зинда монд, балки пайваста васф мешуд, то аз хотираи миллат берун наравад.
Инак, якчанд мисол аз луғатномаҳои маъруфи миллӣ ва осори ҳазор соли ахири аҷдодӣ дар бораи ном, таърих ва васфи дирафш:
Дирафш – байрақ, алам, ливо. Чун маънии дирафшидан ларзидан аст, инро низ «дирафш» аз он гӯянд, ки аз бод меларзад (Ғиёсу-л-луғот). Аламеро гӯянд, ки дар рӯзи ҷанг барпо кунанд…
Маънии «дирафш» дар забони паҳлавӣ алам бошад. Ва чизи тобонро дирафшон хонанд, зеро ки ҳар он гоҳ, ки онро бикушодӣ ва он гавҳарҳо фурӯҒ гирифтӣ (Табарӣ).
Дирафш – дурахш, дурахшандагӣ, тобон…
Дирафши бунафш – аламу байрақе, ки ба ранги бунафш аст ва он аломати сипоҳи Эрон будааст:
Дирафши Таҳамтан – алами хосси Рустам
Дирафши сарон – алами хосси фармондеҳон, ҳар алам нишонаи теъдоди муъайяне афроди таҳти фармондеҳии солоре буд:
Дирафши сиёҳ – байрақи лашкари Турон будааст, ки дар Шоҳнома аз он зиёд ёд шудааст.
Дирафши шерпайкар – аламе, ки дар он сурати шер буд
Дирафши пилпайкар, аждаҳопайкар, гургпайкар, морпайкар ва Ғ.
Аз «Таҷорибу-л-умам», ҷилди якум, саҳ. 58-59: (қ. X-XI)
…Марде Кова ном аз миёни мардум ба по хост. Беваросб (Заҳҳок) аз вай ду писар кушта буд. Чун аз ин доҒ басе бетоб шуд, чӯбе бардошт ва пӯсте бар он биёвехт. Гӯянд вай оҳангар буд ва он чӣ бар чӯб кард пешбанди чармини оҳангарон будааст, ки бо он худро аз осеби оташ нигоҳ медошт. Пас онро дирафш кард ва мардумро ба пайкор бо Беваросб хонд. Ва чун мардум аз дасти ӯ ба сутӯҳ омада ва ситамҳо кашида буданд, бисёр касон пазируфтанд, то кораш боло гирифт ва нерӯманд шуд. Эрониён он дирафшро бошгун донистанд ва онро бузург доштанд, бар он чизҳо афзуданд ва ба гавҳарҳо оростанд, то он ҷо, ки шоҳони эронӣ онро бузургтарин дирафши хеш карданд ва онро хуҷаста донистанд ва «Дирафши Ковиён» хонданд ва ҷуз дар рӯзҳои бузург бо худ барнамедоштанд ва барнамеафроштанд.
Аз «Таҷорибу-л-умам», ҷилди якум, саҳ. 311: (қ. X-XI)
(Пас аз шикасти эрониён дар Қодисия) Зирори Хаттоб Дирафши Ковиёнро бигрифт, ки дар баробари он сӣ ҳазор ба вай бипардохтанд. Баҳои он ду милюну дувист ҳазор буд.
Аз Таърихи Табарӣ, ҷ.5,с.1739: (қ.X)
Заррор ибни Хаттоб Дирафши Кобиёнро бигрифт, ки сӣ ҳазор дар ивази он гирифт. Қимати дирафш як ҳазор ҳазору дувист ҳазор буд (як миллиону дусад ҳазор)…
Аз Таърихи Табарии Балъамӣ ҷ.1, с.78-81: (қ.X)
Кова… чун хабар ёфт аз куштани писарон, сабраш намонд ва ба шаҳр андар омаду фарёд хост ва бихурӯшид ва он пӯстро, ки оҳангарон онро пеши пой барбаста доранд, бар сари чӯбе кард чун аламе ва фарёд кард: …«Мо то кай ин ҷавр барем? Кист, ки бо мо ёрӣ кунад, то мо халқро аз ин ҷавру ситам бираҳонем». Пас халқ бар ӯ гирд омаданд ва бисёр мардум ӯро иҷобат карданд… Ва шаҳр ба шаҳр мерафтанд ва ҳамегирифт ва аз ҳар шаҳре бисёр хоста бигирифтӣ ва бисёр кас мутобеъи ӯ шуданд… (Кова) шаҳрҳо ҳамегирифт ва он алами хеш дар пеш дошта буд… (Баъд аз Ғалабаҳо мардум ӯро ба подшоҳӣ хостанд, вале гуфт:)
— Ман ин корро нашоям… касеро талаб кунед аз хонадони мулук то ӯро бинишонему ман пеши ӯ биистам ва фармони ӯ кунам… (Пас, Афридунро ёфтанд ваалам ӯро доданд)…
Афридун… ба ҳар ҳарбе бузург, ки рафтӣ он алам бикушодӣ ва зафар ёфтӣ. Ва аз паси ӯ ба дасти мулукони Аҷам ҳамеомад. Ва ҳар касе чизе бад-он ҳамекарданд аз гавҳару ёқут, то чанд чиз бар ӯ карданд, ки пӯст нопадид шуд, то вақти Яздигурд ибни Шаҳрёр. Ва онро Дирафши Ковиён ном карданд. Ва маънии «дирафш» ба паҳлавӣ алам бошад. Ва чизи тобонро дурафшон хонанд, зеро ки ҳар он гоҳ, ки онро бикушодӣ ва он гавҳарҳо фурӯҒ гирифтӣ.
Пас ба вақти Яздигурд, чун мусулмонон хазина ба Ғорат карданд, он дирафшро пеши Умар ибни ал-Хаттоб (рз) бурданд. Пас, бифармуд, то он гавҳарҳо бикушоданд ва он пӯстро бисӯхтанд…
Аз Ибни Асир ҷ.1, с. 267-68: (қ. XIII)
(Кова) шӯриш кард. Кова чӯберо баргирифт ва чармеро, ки бо худ дошт бар сараш овезон кард. Баъд инро монанди парчаме барафрошт ва мардумро барои пайкор бо Беваросб ва чира шудан бар ӯ фаро хонд…
Кова ба ёрии эшон бар Заҳҳок даст ёфт ва ҳангоме, ки ба ӯ чира шуд, мардум ин пирӯзиро аз баракати он парчам донистанд ва онро ба фол нек гирифтанд ва гиромӣ шумурданд ва дар бузургдошти он кӯшиданд, то ҷое, ки ин парчам дар назди подшоҳон6и Эрон бузургтарин пачаме шуд, ки аз он хайру баракат меҷустанд ва онро «Дирафши Ковиён» меномиданд.
Онро ба роҳ намеандохтанд магар дар корҳои бисёр бузург ва онро барнамеафроштанд магар барои фарзандони подшоҳон ҳангоме, ки бо пешомадҳои бузург рӯ ба рӯ мешуданд.
Аз Таърихи Гардезӣ с.35 : (қ.XI)
(Кова дигар тоқат накарда) он пешбанде, ки оҳангаронро бошад, андар сари чӯбе кард ва овоз дод, ки ҳавои Афридун кӣ ҷӯяд бо ман биравед! Мардуми анбӯҳ бо вай бирафтанд ва рӯй ба кӯҳи Албурз ниҳоданд ва пеши Афридун шуданд ва бар вай ба подшоҳӣ салом карданд. Ӯ Коваро гиромӣ кард ва он пӯстро «Дирафши Ковиёнӣ» ном кард ва фармуд, то дар хазина бигушоданд ва моли бисёр бад-он қавм дод ва зару ҷавоҳири бисёр бар он дирафш ба кор бурд. Ва он дирафшро мулуки Аҷам сахт бузург доштандӣ, ки ҳар ҷой бар он дирафш рӯй ниҳодандӣ фирӯз бозомадандӣ. Ва ҳар кас (аз подшоҳон) дар он чизе меафзуд аз ҷавоҳири бешбаҳо. То ба рӯзгори Умар ибни ал-Хаттоб (рз), ки ба Дашти Қодисия ҳарб карданд ва шикаст бар Аҷам омад ва он дирафш бистаданд ва он ҷавоҳир аз вай боз карданд ва асли онро ночиз карданд.
Порчаҳо аз Деҳхудо:
Дирафши ковиён: (Дирафши кобиён, Дирафши кофиён, Дирафши ковон, Дирафши говон, Ахтари ковиёнӣ, Алами Фаридун). Дирафши маъруфи Эрон аз аҳди қадим то поёни Сосониён, ки ба гуфтаи муаррихин ҳазор ҳазор (як милиюн) сиккаи тилло арзиш доштааст. Ва дар ҷанги Кодисӣ (Қодисия) ё ҷанги Мадоин ба чанги муслимин афтод. Ва он мансуб аст ба Кова ва Ковиён зоҳиран хонаводае аз паҳлавонони Эрон будаанд ва қадимитарин осори ориёиҳо, ки бар рӯи он чалипо ёфт шудааст, Дирафши ковиён будааст…
Аз Фарҳанги Муъин:
Ахтари Ковиён: Дирафши миллии Эрон дар аҳди Сосонӣ…. Искорман навишта: Дирафши Ковиён чармпораи мураббаъе буд, ки бар найзае насб шуда ва нӯки найза дар пушти он аз боло пайдо будааст. Кристинсен навишта: ДК ғайр аз байрақест, ки нақши он бар маскукот аҳди Селевкӣ ва Ашконӣ дида мешавад. Аммо ДК ҳар чанд нависандагони исломӣ онро маъхуз аз номи Коваи Оҳангар медонанд, ба қавли баъзе муҳаққиқон аз «кавӣ» (шоҳ) ё «кавиён» аст, ки ба шакли сифат истеъмол шуда, яъне шоҳона, шоҳӣ, шоҳаншоҳӣ…
ШЕЪРҲО ДАР БОРАИ ДИРАФШ
Он кас, ки Дирафши Ковиён ёфт,
Аз ҷаври ду мор кай зиён ёфт?
Саноӣ
Садҳазорон пӯст з-абдони баҳоим даркашанд,
То яке з-онҳо кунад гардун Дирафши Ковиён.
Хоқонӣ
Ҳаво сурху зарду кабуду бунафш
Зи тобидани Ковиёнӣ Дирафш.
Ба гирдаш саворони гударзиён,
Миён андарун Ахтари Ковиён.
Фирдавсӣ.
Яке тахти пурмоя андар миён,
Зада пеши ӯ Ахтари Ковиён.
Фирдавсӣ.
Замин ҷунбҷунбон шуд аз меҒи наъл,
Ҳаво аз дирафши сарон гашт лаъл
Фирдавсӣ.
Чу Афросиёб он дирафши бунафш
Нигаҳ кард бо ковиёнӣ дирафш.
Фирдавсӣ
Зи майдон биёмад ба ҷой нишаст
Сипаҳбад, дирафши Таҳамтан ба даст.
Фирдавсӣ.
Яке шерпайкар дирафши бунафш
Дирафшон гуҳар дар миёни дирафш.
Фирдавсӣ.
Ки чун қандили нуронӣ муаллақ з-осмон бошад,
Аҷаб қандили ҷон бошад, Дирафши Ковиён бошад.
Мавлавӣ.
Баромад аз замин савсан чу теғи обдор, эй дил
Дирафши ковиёнӣ бин, тасаввурҳои ҷонӣ бин.
Мавлавӣ.
Куҷо к-он теғ оташ дар ҷаҳон зад,
Тапонча бар Дирафши Ковиён зад.
Низомӣ.
Диравфши ковиёнӣ бар сари шоҳ,
Чу лахте абр к-афтад бар сари Моҳ.
Низомӣ.
Хуршед дирафши даҳзабона,
Чун субҳ дарида даҳ нишона.
Низомӣ.
Гуфт: К-он гурбузию роят ку?
В-он дирафши гиреҳкушоят ку?
Низомӣ.
Ҷаҳондор дар қалбгаҳ кард ҷой
Дирафши ковиёниш бар сар, ба пой
Низомӣ.
Дирафшанда теғат адӯсӯз бод!
Дирафши Каён аз ту фирӯз бод!
Низомӣ.
Дарахти он Дирафши Ковиён бод!
Ваҳшии Бохарзӣ.
Қадри ту бар сипеҳр бароварда гоҳи ту,
Моҳи мунир сурати моҳи дирафши ту.
Фаррухии Сиистонӣ.
Чун гови Замин ҷубон бибинам
Аз моҳи дирафши ту Маҳи чарх.
Хоқонӣ.
Садҳазорон пӯст аз шахси баҳоим баркашанд,
То яке з-онҳо кунад гардун дирафш.
Хоқонӣ.
Эй, ба ту соҳибдирафш чатри Фаридуни мулк
В-эй зи ту толибнигин дасти Сулаймони дин.
Хоқонӣ.
Дар Бараи Миррих гурзи Гови Афридун ба даст
В-аз маҷарра шаб Дирафши ковиён ангехта.
Хоқонӣ.
Ҷомро ганҷи Фаридун хунбаҳост,
Чун Дирафши Ковиён баркард субҳ.
Хоқонӣ.
Гӯйӣ, ки ҳаме гузида гавҳарҳо
Бар чарми Дирафши Ковиён бандам.
Масъуди Саъди Салмон.
Чу диданд саҳронишинон зи дур
Дирафшон дирафши Сикандар зи дур.
Хусрави Деҳлавӣ.
Бо Дирафши Ковиёну Тоқдис
Зарри муштафшору шоҳона камар.
Рӯдакӣ.
Лола аз хоки ҷавонон медамад бар дашту Ҳомун,
Ё дирафши сурх бар сар инқилобиюн гирифтанд.
Шаҳрёр.
Як соат чун Фаридун ба майдон бош, то з-он пас
Ба ҳар ҷониб, ки рӯ орӣ Дирафши Ковиён бинӣ.
Саноӣ.
Ҳама дар зери чарм ором карда,
Дирафши ковиёниш ном карда.
Аттор.
Саҳаргоҳ аз миёни гарди лашкар
Дурафшон шуд дирафши шоҳ Қайсар
Аттор.
Дирафши бунафши сипоҳи ҳабашро…
Салмони Соваҷӣ.
Оҳанин кӯҳе равон дар арзгоҳи маҳшаре,
Ҳар дирафше аждаҳое, ҳар каманде афъие.
Салмони Соваҷӣ.
Зи шери дирафшаш дирафшон зафар,
Чу аз хонаи шери тобанда Х(в)ар.
Салмони Соваҷӣ.
Саропарда аз шаҳр берун бурданд,
Дирафши ҳумоюн ба ҳомун бурданд.
Салмони Соваҷӣ.
Хабар чун ба солори Гелон расид,
Ки омад дирафши сипоҳе падид.
Салмони Соваҷӣ.
Чун Дирафши Ковиёнӣ чок шуд,
Оташи авлоди Сосон хок шуд.
Иқбол.
Дирафши миллати Усмониён дубора баланд…
Иқбол.
Баҳри дафъи Беваросб дӣ гулистон Коваро
Аз гули сурӣ Дирафши Ковиён меоварид.
Қоонӣ.
Расул хост Абубакррову дод бад-ӯ
Дирафшу гуфт, ки кайфар ситон аз ин кофар.
Қоонӣ.
Ба ҳар сад саворе дирафше дигар,
Дигаргуна созу силеҳу сипар.
Асадии Тӯсӣ.
Ҳаво парри товус гашт аз дирафш,
Шуд аз таргу аз теғ ҳомун бунафш.
Асадӣ.
Фарози дирафше дирафшон чу Шед
Ба пайкар тарозида пили сапед.
Асадӣ.
Дирафш дирафшон аз теғу меғ
Чунон шуъла мезад, ки дар ҷанги теғ.
Асадӣ.
В-ин ҳазора ҷашни ту худ ҳуҷҷате бошад мубин,
Номаи ту ҳаст чун володирафши Ковиён.
Баҳор.
Хайл дар хайлу дирафш андар дирафш,
Ин пиёда в-он савор ояд ҳаме.
Баҳор.
Куҷо рафт он ковиёнӣ дирафш?
Куҷо рафт он теғҳои бунафш…
Баҳор.
Мадди бисмиллоҳ мумтоз аст аз тири шиҳоб,
Рояти ӯро чӣ нисбат бо Дирафши Ковиён.
Соиб.
ДАР БОРАИ ПАРЧАМ:
ПАРЧАМ, пӯпаки абрешимӣ, риштаҳои пахтагӣ, мӯй ё думи хушгов (ғажгов, қутос)-у асп, ки маъмулан ба нӯги дирафш (ливо, байрақ), найза ё гардани аспони саворӣ мебастанд ва ё духтарони наврас ё ҷавонзанон бо сохту сози андаке дигартар ба идомаи гесӯвони худ насб мекарданд. Онро печак ҳам мегуфтанд. Ин навъи ороиши мӯ дар гузашта байни занони тоҷик хеле маъмул буд, вале ҳоло бештар духтарчаҳо аз мулинаҳои гуногунранг парчам ба гесӯ мекунанд. Ба ҳамин мазмуну шакл парчамро адибони классик дар ашъори худ фаровон истифода кардаанд:
ПАРЧАМ – ин калима дар ҳамосаҳои миллии мо Шоҳнома ва Гаршосбнома вуҷуд надорад.
Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ: “Парчам… ду маънӣ дорад: аввал, мӯи думи навъе аз говони кӯҳӣ бошад, ки дар кӯҳҳо, ки мобайни мулки Хито ва Ҳиндустон воқеъ аст, пайдо шаванд ва онро ғажгов низ гӯянд ва ба туркӣ қутос хонанд ва онро бар сари чӯби алам ва гардани асб банданд… Дуввум, кокулро хонанд… (ва моддаҳои шеърӣ оварда шудааст).
Фарҳанги забони тоҷикӣ: “Парчам – пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи гови кӯҳӣ (қутос), ки ба нӯги байрақ ё найза мебастанд…”
Бурҳони қотеъ: “Парчам — чизе бошад сиёҳ ва мудаввар, ки бар гардани найза ва алам банданд; Маҷозан мӯи гесӯ, кокул…”
Луғатномаи Деҳхудо: Парчам — … риштаҳое сиёҳ ва ё думи гов ва ё думи ғажгов буд, ки дар зери синони алам ё найза чун туррае аз он меовехтаанд ва аз ин боб аст, ки шоирон ғолибан аз он ба турра, зулф ва гесӯ таъбир кардаанд… Маҷозан мӯи гесӯ. Мӯи думи гови кӯҳӣ…. Ва дар тадовули имрӯзӣ гоҳ ба маънии дирафшу алам ояд…
Фарҳанги форсии дуктур Муъин: …1. Дастаи мӯ ё реша ва мангулаи сиёҳранг, ки бар найзаву алам овезанд ё ба гардани асбон бибанданд. Ин мангула аз мӯи навъе говмеши кӯҳист, ки дар форсӣ онро ғажғов (кажгов) хонанд… 2. мӯи думи гови кӯҳӣ, думи навъа аз гови баҳрӣ, ки бар гардани асбон банданд. 3. Навъе аз гови кӯҳӣ… 4. Мӯи гесу, кокул… 5. Забона, забонаи оташ… 6. Дар тадовули имрӯзӣ: дирафш, алам, роят, байрақ. 7. Номи ҳар як аз милаҳои борики нофаи гиёҳро гӯянд…, теъдоди парчамҳо дар гиёҳҳо гуногун аст…
Фарҳанги форсии Амид: Байрақ гуфта ва маънии аслии онро ба ҷои дуюм бурда гуфтааст, ки мангулаву кокул ва мӯи ғажгов низ гуфтаанд… Дар истилоҳи гиёҳшиносӣ: он қисмат аз гул, ки аз милаҳои бисёр нозук ташкил мешавад ва тухмҳои нар дар он қарор дорад.
Инак, чигунагии “парчам” дар ашъори ҳазор соли ахир:
ПАРЧАМ БА МАЪНИИ МӮЙ ВА ШИЛШИЛАВУ МЕЛА:
Гове нишон диҳанд бар ин қулзуми нагун,
Лекин на парчам аст мар-ӯро, на анбар аст.
Асири Ахсикатӣ.
Холи ҷамоли давлат бар номҳот нуқта,
Зулфи арӯси нусрат бар найзаҳот парчам.
Анварӣ.
Ҷаъди ломаш чу зулфи хубон хам,
Бар ливои зафар бувад парчам.
Ҷомӣ
То парчами гиреҳзадаи ӯ ба боғ дид,
Печид сар бунафша аз ин рашку хоб кард.
Мушфиқӣ
Мо аз он муҳташамонем, ки соғар гиранд,
На аз он муфлисакон, ки бузи лоғар гиранд.
Ба яке даст майи холиси имон нӯшанд,
Ба яке дасти дигар парчами кофар гиранд.
(Ин ҷо илҳом аз ҳикоятест, ки яке аз донишмандони маъруф дар ҷанги тан ба тане аз мӯи сари душман гирифта онро ба қатл расонидааст).
Мавлавӣ.
Гар сари хубе бихорад дилбаре дар аҳди ту,
Парчамаш оранд пешат армуғонӣ шод бош.
Мавлавӣ.
Саг наям то парчам мурда кунам,
Исиям, оям, ки то зиндаш кунам.
Мавлавӣ.
Ба сӯги найзаҳои сарфитода,
Сабо гесӯи парчамҳо кушода.
Низомӣ.
Зулфи хотуни зафар шефтаи парчами туст…
Ҳофиз.
Бар сари румҳи ғуломонат сабо дар корзор
Парчам аз гесӯи туркони хитоӣ ёфта.
Наҷиби Ҷурфодқонӣ.
Дил сӯи қади найзаву гесӯи парчам аст.
Заҳири Форёбӣ.
Найзаи қудрат магар парчам надорад бар қанот.
Ахсикатӣ.
Зада бар сар аз ҷаъди парчам кулоҳ,
Чу бари Каллакӯҳ абри сиёҳ.
Низомӣ.
Муҷаррад бош доим, чунки Аттор,
Савори фақрро парчам набошад.
Аттор.
Гарчи пои гов дидӣ, дар миён ғарра машав,
З-он, ки ин гов аз харе бепарчаму бе анбар аст.
Аттор.
Пари хаданги ту ҳаст шаҳпари рӯҳулқудс,
Парчами Рахши ту ҳаст носияи ҳуриин.
Хоқонӣ.
Оқилаи кофу лом тифли дабистони Ӯ,
Гесӯи Ҳавво шинос парчами манҷуқи Ӯ.
Хоқонӣ.
Ҳар мӯи Рахши Рустаме мадҳоматонваш Адҳаме,
Тоси зараш ҳар пачаме аз зулфи ҳуро дошта.
Хоқонӣ.
Ҳалқаи шабранги зулфи парчамат
Рӯзҳо рухсори фатҳ ороста.
Анварӣ.
Аз он замон, ки зафар парчами ту шона задаст,
Зи занги ҷавр кадом оина аст наздуда.
Анварӣ.
Зулфи парчам нигорад андар чашм…
Анварӣ.
То чашми душманон шавад аз бими ӯ сафед
Сар барфарохт парчами гесӯсиёҳи ту.
Убайди Зоконӣ.
Аз зулфи ту пӯшам зиреҳ, аз ҷаъди ту хафтон,
Аз қади ту созам алам, аз мӯи ту парчам.
Қоонӣ.
Ғайри расвоӣ чӣ дорад шаҳвати иқболи пӯч?
Гар алам кардем чун сарҳои кал бепарчамем.
Бедил.
Алами фатҳ бувад қомати озодаравон,
Мӯи жӯлидаи мо шавкати парчам дорад.
Соиб.
Гесӯи парчами алами сидрасои мост,
Он атласи сияҳ, ки шаби тор номи ӯст.
Хоҷуи Кирмонӣ.
ҶОЙГОҲИ ПАРЧАМ ДАР ДИРАФШ:
Бар сари байрақ ба лоф, парчам гӯяд: Манам
Турраи хотуни субҳ, бар тутуқи рӯзгор.
(Уммоди Ғурайрӣ аз Фарҳанги Асадӣ)
Бар алами музаффарат парчаме орзу кунад
Дар фалаки чаҳорумин вақти кусуф ҷирми Хур
Муҷири Байлақонӣ
В-он, ки гесӯи парешони арӯси зафар аст,
Рӯзи кин парчами шабранг фарози алам аст.
Муҷири Байлақонӣ
Хасмат сапеддасту сияҳдил чу дафтар аст,
Бар байрақат зи турраи Билқис парчам аст.
Муҷири Байлақонӣ
Парчами мушкини аламҳои шоҳ,
Дастаи райҳони гиребони Моҳ.
Уммоди Фақеҳ
Ҳам биҷҳӣ аз мову манӣ, ҳам девро гардан занӣ,
Дар дастпечий парчамаш ка-с-сабру мифтоҳу-л-фараҷ.
Мавлавӣ.
Зи ишқи рояташ эй сар, чаро парчам намегардӣ
Чаро чун абри беборон ба пеш Маҳ таранҷидӣ?
Мавлавӣ.
Бар турраи ҳафт боми олам
На тос гузоштӣ, на парчам.
Ҳам парчами чархро гусастӣ,
Ҳам тосаки Моҳро шикастӣ.
Низомӣ.
Чун турраи парчамаш биларзад,
Ғавғои Замин ҷаве наярзад.
Низомӣ.
Алам дидаӣ парчаме бар сараш?
Намегашт як мӯй аз он пайкараш.
Низомӣ.
Чанд асо рояти шуҳрат кунӣ,
Риш бар он парчами роят кунӣ.
Ваҳшӣ.
Эй парчами роёти мулк, чашми бадат дур…
Хоқонӣ.
Рояти шаҳ тазарвваш, лек уқоби ҳамлабар,
Парчами шаҳ ғуробгун, лек ҳумои маърака.
Хоқонӣ.
Дар кавкабаи ту турраи шаб
Бар найзаи бандагон-т парчам.
В-аз акси тарози рояти ту
Он рафъату нусрат муҷассам.
Анварӣ.
Дил дар ҷаҳон ба ҳалқай рибое алам шавад,
Гар сар дар он ду зулф чу парчам бароварад.
Авҳадӣ.
Язаки лашкари ту қутби шимол,
Парчами рояти ту ҷирми Ҳилол.
Авҳадӣ.
Бадри муниру гесӯи анбарфишони шаб
Манҷуқи чатру парчами аъломи мо бувад.
Хоҷу.
Камон бар гӯша барбандад гиреҳ, чун абрӯи Лайлӣ,
Алам бикшояд аз парчам гиреҳ, чун турраи Лайло.
Ҳотифи Исфаҳонӣ.
Рӯзи набард чунки парешон кунад сабо
Гесӯи парчами алами сидрасои ту.
Убайди Зоконӣ.
Фоиз аст аз рояту аз парчамат субҳу саҳар,
Он ки ӯро субҳ роят в-аз саҳар парчам Туӣ.
Анварӣ.
Аъзои тавъамон шавад аз якдигар ҷудо
Тобон зи парчами аламаш нусрату зафар.
Салмони Соваҷӣ.
Турраи парчаму моҳи алами мансурат…
Салмони Соваҷӣ.
Туро бувад сабоҳу равоҳ рояту парчам…
Салмони Соваҷӣ.
Бар сари асбоби парешонӣ аламро парчам аст.
Бедил.
Гар маҳрамӣ, алам нафарозӣ ба ҳарфи пуч,
Ин панба парчамест, ки бар дор бастан аст.
Бедил.
Халқ саропо чу шамъи як аламу парчам аст.
Бедил.
Мӯи жӯлида мадон ҷавҳари таҷриди ҷунун,
Ки сарафрозии қадри алам аз парчам нест.
Бедил.
Пӯч аст қомати хаму ороиши амал,
Парчам касе чӣ шона занад чун алам намонд.
Бедил.
Парчами рояташ ин сон, ки бувад шиққакушой
Қоонӣ.
Аз парешон зулфи парчам бо ҳазор ошуфтагӣ
Рояти ҳар гӯша ҷамъеро парешон кард боз.
Қоонӣ.
Аз ҳастии худ баски алам бинаду парчам.
Қоонӣ.
Рояти ройи турост гардун парчам.
Қоонӣ.
Қитоси рояти ӯро, ки кулола сохта ҳуро.
Акоси парчами ӯро ғулола сохта ғилмон.
Қоонӣ.
Рояти шаҳ гуфт: Ман он ояти фатҳам, ки ҳаст
Турраи рухсори нусрат парчами ялдои ман.
Қоонӣ.
Як даста сунбул аз сари зулфини ман бичин,
То чун ба Рай расӣ, ивази мӯи парчамаш
Овези аз бари алами шоҳи ростин,
Шоҳи ҷаҳонгушой – Муҳаммадшаҳ, он ки ҳаст.
Қоонӣ.
Чун алам кардам нагун, дидам, ки шуд парчам сапед,
То абад бар мо шикасти дил ҷавонӣ мекунад.
Бедил.
Парчам гароние дошт, худро алам накардам.
Бедил.
Мӯи чинӣ бар аламҳои шаҳон парчам кунам.
Бедил.
Бар покии тинаташ ҳунар вола,
Бар парчами рояташ зафар шайдо.
Қоонӣ.
ҶОЙГОҲИ ПАРЧАМ ДАР НАЙЗА:
Беҳ, ки аз кин бар гулӯи найза бандӣ парчаме.
Баҳор.
Садди роҳи гирудори найза парчам кай шавад?
Соиб.
Дар кавкабаи ту турраи шаб,
Бар найзаи бандагон-т парчам.
Анварӣ.
Гусаста парчами найза, дарида ҷомаи хафтон…
Муҷири Байлақонӣ
Уқдаи гардун чӣ бошад пеши оҳи ошиқон,
Садди роҳи гирудори найза парчам кай шавад?
Соиби Табрезӣ
Манам он масти дуҳулзан, ки шудам маст ба майдон,
Дуҳули хеш чу парчам ба сари найза бибастам.
Мавлавӣ.
Сари найза аз тосак сарнагун,
Ба парчам фурӯ рехта тоси хун.
Низомӣ.
Агар мардум ҳамин болову решанд,
Ба найза низ барбастаст парчам.
Саъдӣ.
Намудӣ гардан аз баҳри камин хам,
Ба сони найзаи ошуфтапарчам.
Баҳор.
Бас найза, ки бар чеҳра зи парчам будаш риш,
Хонӣ агараш мард на ойини савоб аст.
Қоонӣ.
ПАРЧАМ – ШУЪОИ ОФТОБ:
Нигоҳ мекунам аз пеш рояти Хуршед,
Ки мебарад ба уфуқ сипоҳи залом.
Саъдӣ.
Офтоб, к-аз рафъат бар фалак занад парчам.
Баҳор.
ПАРЧАМ – СИЁҲИИ ШАБ:
Парчами шаб ёфт ранги рояти субҳинтисоб…
Хоқонӣ.
Тоси симобии Маҳ тофта аз парчами шаб,
Тоси зар бо майи оташгуҳар омехтаанд.
Хоқонӣ.
Гар салотин парчами шабранг бо парри хаданг
Аз пари мурғу думи шери диловар сохтанд.
Хоқонӣ.
Шабҳои Иду Қадр шуда дуду ахгараш
Кайвон-ш парчам асту Маҳу Офтоб тос.
Хоқонӣ.
Таффи алами ту дар дами субҳ,
Бар байрақи шом сӯхт парчам.
Хоқонӣ.
Кард аламҳои рӯз парчами шабро ниҳон.
Хоқонӣ.
Парчам зи шаб пардохта, Маҳ тоси парчам сохта,
Байрақ зи субҳ афрохта, рӯзаш сипаҳдор омада.
Хоқонӣ.
Гардуналам бархонамаш, анҷумсипаҳрон бинамаш,
Тос аз Маҳи нав донамаш, парчам зи кайвон бинамаш.
Хоқонӣ.
Акси субҳи нусраташ тобон зи шоми парчам аст.
Салмони Соваҷӣ.
Чу шоҳи Чин зи машриқ роят афрохт,
Сипоҳи Шоми қирӣ парчам андохт.
Салмони Соваҷӣ.
ХУЛОСА:
Калимаи “парчам” то миёнаҳои асри 20 дар ягон луғатномаи миллӣ ва аҷдодии мо ҳеч гоҳ ба маънии байрақ набудааст, балки ҳамчун мӯи гови қутос ё риштаҳои сиёҳ, ки дар байрақҳо ё сари найзаҳои ҷангӣ насб мешуд, шарҳ дода шудааст. Дар солҳои пештар (ва гоҳо имрӯз ҳам) кокулҳо ё мӯйҳои сунъие, ки занҳои Бадахшон аз риштаҳо ё мӯи қутос барои илова намудан ба сари мӯйҳои худ истифода мебурданд, “парчам” номида мешуд. Ин калима аз ҷониби сулолаи Паҳлавиён дар нимаи асри 20 ба маънии байрақ пазируфта шуд, ки ҳатто бузургтарин олимони эронӣ (аз ҷумла, Пури Довуд) ба ин розӣ набуданд. Ҳатто Деҳхудо маъруфтарин луғатнависи асрҳову замонҳои форсизабонон дар солҳои 50-уми асри 20 навишта буд, ки имрӯзҳо калимаи “парчам” гоҳо ба маънии байрақ истифода мешавад, яъне ӯ низ инро қабул надошт. То охири замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон “парчам”-ро ба маънии байрақ касе намешинохт. Ин тақлиди баъдии кӯр-кӯронаи ба истилоҳ “зиёиён”-и мо ба Эрон буд, ки бадбахтона, сурат гирифт.
Ин хаторо танҳо мо – тоҷикон метавонем ислоҳ намоем ва шукӯҳу шаҳомати рафтаи “дирафш”-и аҷдодиро барқарор созем. Ин яке аз муҳимтарин иқдомоти дигари раҳбарияти Тоҷикистони соҳибистиқлол хоҳад шуд, ки некномии ин амал дар миёни наслҳои имрӯз ва ояндаи миллати тоҷик ҳамеша васф хоҳад шуд. Ва он гоҳ тарафи эронӣ низ хатогии кардаи худро ба хубӣ хоҳад дарёфт, дар сурате, ки бештари донишмандони он кишвар тарафдори ҳамин матлабест, ки гуфтем.
Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, номзади илмҳои таърих
Бознашр аз сомонаи www.donishnoma.tj
Аз идора:
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазируфта шуда, 24 ноябри соли 2009 бори аввал дар Тоҷикистон «Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта шуд.