ҲАЁТИ СОЛИМВазири рус баъди сабукдӯшӣ аз вазифа худкушӣ кардааст

Вазири рус баъди сабукдӯшӣ аз вазифа худкушӣ кардааст

-

Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия Роман Старовойт, ки 7 июл аз вазифаи вазири нақлиёт барканор гардид, даргузаштааст. Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, далели асосӣ — худкушист.

Ҷасади  ӯ бо захми тир дар дохили мошини шахсиаш Tesla Model X — дар шаҳри Одинтсово рӯзи имрӯз ёфт шудааст.

Пеш аз марг, Президенти Русия Владимир Путин фармони барканории Старовойтро аз мансаб ба имзо расонд. Сабаб дар санад зикр нашудааст. Субҳи он рӯз, сухангӯи Кремл Дмитрий Песков таъкид карда буд, ки дар фармон ишора ба «аз даст рафтани боварӣ» нест.

Бо вуҷуди ин, Старовойтро вафтида пайдо карданд. Бархе манбаъҳои хабарӣ мегӯянд, ӯ ҳанӯз шоми шанбе ҷон дода буд ва ҷасадаш шоми душанбе ба сардхона интиқол дода шудааст.

Тибқи иттилои расонаҳо, тафтишоти ҷиноятӣ алайҳи Старовойт дар робита ба барномаи сохтмони иншооти фортификатсионӣ дар вилояти Курск оғоз шуда буд. Гуфта мешавад, ки Алексей Смирнов, муовини собиқи ӯ ва иҷрокунандаи вазифаи губернатор, ки моҳи апрели 2025 боздошт шуд, мумкин аст алайҳи Старовойт нишондод дода бошад.

Смирнов ба дарёфт ва тасарруфи ғайриқонунии 1 миллиард рубл айбдор мешавад, маблағҳое, ки барои бунёди нуқтаҳои оташфишон ва хандақҳо дар марз бо Украина ҷудо шуда буданд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...

Тоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035-ум 40% коҳиш диҳад

Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 1990 то 15 дарсад коҳиш...

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...
spot_imgspot_img

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад