МУВАФФАҚИЯТ77%-и кӯдакон дар Суғд ба кӯдакистон намераванд

77%-и кӯдакон дар Суғд ба кӯдакистон намераванд

-

Кӯдаконистони «Меҳросо». Ин акс ва акси асосӣ аз манбаъҳои боз

Дар минтақаи Суғд 45 ҳазор кӯдак ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Давоми як соли охир фарогирӣ ба кӯдакистонҳо ҳамагӣ 2 дарсад будааст.

Беш аз 235 ҳазор кӯдак, яъне, 77 дарсад дар шаҳру навоҳии Суғд аз боғчаҳо канор мондаанд.

Дар Тоҷикистон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ (боғчаҳо) аз мушкилоти ҷиддии соҳаи маорифи кишвар шумурда мешавад. 

Дар чаҳорчуби “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” то соли 2025 фарогирии кӯдакон то ба 30% бояд расад.

Аммо то  ин муҳлат ҳамагӣ як соли дигар боқӣ мондааст ва расидан ба нишондодҳои пешбинишаванда иҷроношуда боқӣ хоҳад монд. Зеро, то як соли дигар баҳрабардории кӯдакистонҳо дар ҳар ноҳияи ғайриимкон аст.

Барои мисол, ҳоло дар ҳудуди шаҳру навоҳи вилояти Суғд  281 ҳазор кӯдак ба сар мебарад, ки ҳамагӣ 45 ҳазор ба муассисаҳои таълимии томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак фаро гирифта шудаанд.

Сайфулло Раҳматов, мушовири Раёсати маориф дар вилояти Суғд

Сайфулло Раҳматов, мушовири Раёсати маориф дар вилояти Суғд теъдоди кӯдакистонҳо ва марказҳои  таълимии назди макотибро шарҳ дод.

 “Таҳсили кӯдакон асосан дар кӯдакистонҳо, ки дар ҳудуди вилоят 282 адад  аст ба роҳ монда шуда, 17, 3 ҳазори дигар дар марказҳои инкишофи кӯдак ба таълими то мактабӣ фаро гирифта шудаанд” – гуфт ӯ.

Масъулин сабаби ба таври кофӣ фарогир нашудани атфол дар кӯдакистонҳоро аз мушкили камбуди боғчаҳо дар шаҳру навоҳии Суғд шарҳ медиҳанд.

Мушкиле, ки дар дигар манотиқи кишвар низ мушоҳида мешавад. Айни ин мушкил дар замони Шӯравӣ ҳам мавҷуд буд, аммо ҳоло бо афзоиши шумори аҳолии кишвар он доғтар шудааст.

Мирзо Раҷабзода, коршиноси умури маориф дар вилояти Суғд мегуяд, дар замони Шӯравӣ аз ҳисоби мавҷуд набудани теъдоди кӯдакистонҳо, таълиму тарбияи томактабии атфол умдатан дар шароити хонаводаҳо  зери парастории бобову бибӣ ва волидони кӯдак сурат мегирифт. Дар шароити кунунӣ ҳам аз ҳисоби камбуди боғчаҳо бахши аъзами кӯдакон ба боғчаҳо фаро гирифта намешаванд.

“Имрӯз зарурате ба миён омадааст, ки беш аз пеш кӯдакон ба боғчаҳо фаро гирифта шаванд ва ба ин васила сатҳи рушди зеҳнии онҳо аз хурдсолӣ инкишоф дода шавад.”, – зикр кард Раҷабзода.

Соли 2020 дар Тоҷикистон “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020-2025”роҳандозӣ гардид, ки мақомот ҳадаф аз ҷорӣ намудани онро дар муҳити солим ба воя расонидани кӯдак унвон намуданд.

Аз ҷумла, солимӣ, бехатарӣ, сарпарастӣ, ва омӯзишу таълими кӯдак гуфта мешавад, ки дастурамалҳои вижа тартиб дода шуда ба волидон пешкаш карда шудааст.  

Илова бар ин, соли 2022 Ҳукумати Тоҷикистон барои вусъат бахшидани марҳилаи фарогии кудакон ба боғчаҳо Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусиро қабул кард, ки то соли 2027 давом мекунад.

Ҳадаф аз роҳандозии барномаи мазкур фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва бунёди кӯдакистонҳои хусусӣ бо ҷалби соҳибкорон арзёбӣ мегардад.

Мутобиқи нақша давоми солҳои 2022 – 2027  дар умум 134 муассисаи томактабии хусусӣ ва 114 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сохта ба истифода дода мешавад. 

Ин дар ҳолест, ки бар пояи иттилои Агентии омор, алҳол 16 % -и кӯдакон дар Тоҷикистон ба таълими муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд. “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” пешбинӣ мекунад, ки то соли 2025 ҳади ақал сатҳи фарогирии кӯдакон ба 30% расонида шавад.

Масъулини идораи маориф дар вилояти Суғд бар ин боваранд, ки то поёни  соли 2025 бо зиёд намудани марказҳои инкишофӣ кӯдак ва бунёди кӯдакистонҳо  фарогирии кудаконро ба 30% хоҳанд расонд.

“Марказҳои инкишофи кӯдак роҳест, ки мо метавонем дар деҳаҳои дурдаст кӯдаконро ба таълиму тарбия ҷалб намоем. Албатта, ин роҳи алтернативӣ аст ва талошҳои мо ҳам барон он аст, ки  дар тамоми минтақаҳои вилоят боғчаҳои замонавӣ бунёд гарданд.”- мегӯяд ҷаноби Раҳматов.

Гулназар Бозоров

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад