БИЗНЕС-КЛУБOpenAI стартапи io-и тарроҳи Apple-ро харидорӣ кард

OpenAI стартапи io-и тарроҳи Apple-ро харидорӣ кард

-

Ширкати OpenAI дар бораи харидани стартапи io-и тарроҳ Ҷонни Айв ба маблағи 6,5 миллиард доллар хабар дод. Дар ин бора дар сайти OpenAI хабар дода мешавад.

Музокирот байни Айв ва директори генералии OpenAI Сэм Алтман дар бораи ҳамкории эҳтимолӣ аз соли 2023 инҷониб идома доштанд, аммо то ба наздикӣ ягон қарори мушаххас қабул нашуда буд. Тибқи шартҳои созишнома, 5 миллиард доллар дар шакли саҳмияҳо пардохт карда мешавад ва анҷоми ниҳоии харид то тобистони соли 2025 гуфта шудааст.

Тахмин меравад, ки дастаи io ба таҳияи дастгоҳе дар заминаи Chat машғул аст, ки смартфон ё ноутбукро иваз намекунад, балки «чизи нав» хоҳад шуд. Ба гуфтаи Алтман, баровардани дастгоҳ барои соли 2026 ба нақша гирифта шудааст ва он ба гаҷетҳои нокоми ИИ-и Humane Pin ё Rabbit R1 шабоҳат надорад.

Қайд карда мешавад, ки аз дастаи Айв 55 муҳандис ба OpenAI мегузаранд, дар ҳоле ки худи дизайнер мустақилияти студияи худ LoveFrom-ро нигоҳ медорад ва мустақиман дар OpenAI кор намекунад. Ҳамзамон, LoveFrom ба тарҳрезии тамоми силсилаи маҳсулоти OpenAI, аз ҷумла дастгоҳҳои сахтафзорӣ ва нармафзорӣ, ба монанди Chat машғул хоҳад шуд.

Ҷонни Айв, ки кораш дар Apple аз соли 1992 то 2019 идома ёфт, дар таҳияи маҳсулоти барҷастаи ширкат, аз ҷумла iMac, iPod, iPhone ва iPad, iOS ва macOS нақши калидӣ бозид. Пас аз тарк кардани Apple ӯ LoveFrom-ро таъсис дод.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад