МУВАФФАҚИЯТҚиссаи як устоди заҳматкаш ба Форуми фарҳангии Русия рафт

Қиссаи як устоди заҳматкаш ба Форуми фарҳангии Русия рафт

-

Навори блогнависи тоҷик Шерали Давлатов аз зиндагии муаллими фидоии тоҷик дар Маскав ва Санкт-Петербург намоиш дода шуд. Ориф Партев, омӯзгори фанни забони русӣ аз вилояти Хатлони Тоҷикистон буда, ҳар рӯз 16 километр роҳро пиёда тай мекунад то ба мактаби деҳаи дигар расида ба хонандагон дарс гӯяд. Бо вуҷуди шароити душвор, ӯ рисолати омӯзгориро бо муҳаббат ва садоқат иҷро мекунад ва бо ҳамин меҳру садоқаташ намунаи дигар ҳамкасбонаш аст.

Шералӣ Давлатов, рӯзноманигор ва блогнавис. Аксҳо аз Шералӣ Давлатов

Ин ҳикояи инсонӣ ва илҳомбахш тавассути навори махсусе, ки аз ҷониби блогнависи тоҷик Шералӣ Давлатов таҳия шудааст, дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.

Аз деҳаи дурдаст то саҳнаи байналмилалӣ

Навори “Ориф Партев — муаллим аз дил” дар доираи 19-умин Форуми фарҳангии Русия пазируфта шуда, ба барномаи расмии ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ шомил гардид. Шерали Давлатов рӯзи 18 майи соли 2025 ба шаҳри Москва сафар намуд то дар ин форум, ки бо иштироки журналистон, блогнависон, филмсозон ва аксбардорони зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон баргузор мегардид, асари худро муаррифӣ намояд. Инчунин зиндагии ҷолиби пиразани 113-сола, ки худ ва раҳматии шавҳараш иштирокчиёни фаъоли ҶБВ буданд аз Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Баъди нашри матлаби Шералӣ Давлатов ба муаллим Ориф Партев аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир шуд

Форуми фарҳангӣ — платформаи дӯстӣ ва илҳом

Форуми мазкур имсол кори худро дар шаҳри Москва оғоз карда, дар пойтахти фарҳангии Русия — шаҳри Санкт-Петербург ба анҷом расид. Ин рӯйдод яке аз муҳимтарин вохӯриҳои фарҳангии байналмилалӣ ба шумор меравад, ки ҳадафи он тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ байни кишварҳо, муаррифии чеҳраҳои эҷодкор ва мубодилаи таҷрибаи журналистиву бадеӣ мебошад.

Дар доираи ин чорабинӣ, филм ва навори Шерали Давлатов таваҷҷуҳи васеи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд. Мавзӯи фидокорӣ ва садоқати омӯзгори тоҷик Ориф Партев — ҳамчун намунаи инсондӯстӣ ва муҳаббат ба илму касб арзёбӣ гардид.

Илҳом аз як достони воқеӣ

Ман мехостам нишон диҳам, ки қаҳрамонӣ на танҳо дар саҳнаи ҷанг, балки дар зиндагии ҳаррӯзаи одамони оддӣ низ вуҷуд дорад. Ориф Партев рамзи садоқат ба илм ва муҳаббат ба Ватан аст. Маводи омодакардаи мо на танҳо як навори журналистӣ, балки паёми умед ва илҳом барои ҳазорҳо омӯзгорону хонандагон буд.

Муаллиф: Шералӣ Давлатов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад