МУВАФФАҚИЯТМақоми I ва III насиби наврасони тоҷик гардид

Мақоми I ва III насиби наврасони тоҷик гардид

-

Фирдавс Худойбердиев ва Сайдаҳрор Буриев

Фирдавс Худойбердиев ва Сайдаҳрор Буриев ду варзишгари навраси тоҷик моҳи августи имсол дар шаҳри Шимкенти Қазоқистон дар мусобиқаи варзишӣ миёни 12 давлати дунё аз намуди кӯштии юнони румӣ мақоми аввал ва севвумро ба даст оварданд. Ин варзишгарон аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ҳастанд.

Фирдавс Худойбердиев, дар мусобиқаи варзишӣ дар Қазоқистон дар вазни 22 кг қуваозмоӣ карда, 8 нафарро мағлуб кард ва медали тилло ба даст овард. Фирдавс хонандаи синфи дуюм буда, тули се сол аст, ки дар зодгоҳаш ноҳияи Қубодиён аз риштаи варзиши кӯштии румӣ тамрин мекунад.

Ӯ дар суҳбат ба Jom.tj нақл кард, ки ҳарчанд дар чандин мусобиқаи варзишӣ дар Тоҷикистон ширкат варзидаву мақоми аввалро соҳиб гарштааст, вале бовар надошт, ки дар хориҷи гишвар низ ғолибиятро ба даст меораду парчами Тоҷикистонро боло мебардорад.

«Муррабиам гуфт, ки тарсро аз дилат берун кун ва ҳар маҳорате, ки дорӣ нишон бидеҳ, то тавонем номи кишварамонро дар миёни 14 давлати ҷаҳон муаррифӣ намоем. Ин суханҳо ба ман нерӯ бахшид. Ҳарчанд рақибонам ҷиддӣ буданд, вале ман онҳоро мағлуб кардаму медали тилло гирифтам.»,-бо хурсандӣ нақл кард Фирдавс.

Фарух Худойбердиев, падари Фирдавс мегӯяд, писараш ба варзиш алоқамандии зиёд дошт, ҳамеша аз тариқи телевизион мусобиқа ва барномаҳои варзиширо тамошо мекунад. Се сол пеш писарашро барои тамирин ба толори варзишӣ овард. Ӯ ба ғолиб омадани писраш дар мусобиқаи варзишӣ дар Қазоқистон бовар надошт.

«Фосилаи хонаи мо аз маркази ноҳия беш аз 7 километр аст. Барои рафтану омадани писарам ба толори варзишӣ дучарха харидам. Худам орзуи варзишгар шуданро доштам, аммо нашуд, вале писрам орзуи маро амалӣ кард.»-, гуфт Фарух Худойбердиев.

Навраси дигаре, ки дар мусобиқаи варзишӣ дар шаҳри Шимкенти Қазоқистон соҳиби медалӣ биринҷӣ гардид, Сайдаҳрор Буриев аст, ки дар вазни 44 кг қувваозмоӣ кард. Ӯ нақл кард, ки 6 нафар рақиби худро мағлуб кард ва медал ба даст овард.

Мусобиқаи кӯштии юнони румӣ дар шаҳри Шимкенти Қазоқистон аз 19 то 24 август идома кард, ки ба гуфтаи Икром Атоев, мурабии варзиш аз ноҳияи Қубодиён 18 варзишгари наврас Тоҷикистонро намояндагӣ карда, 8 варзишгари тоҷик соҳиби ҷойҳои намоён шуданд.

Амонҷон Муҳиддинов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири тандурустӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дидан кард

20-уми октябри соли равон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказии...

Воридоту содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ дар кишвар манъ шуд

Тағйироти ахир ба қонун, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии интиқоли никотин, аз ҷумла сигорҳои электрониро...

OpenAI риёзидонҳоро дастгирӣ кард

Пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи риёзидонҳо нисбат ба OpenAI, ин ширкат тасмим гирифт, ки ба як фонди дастгирии таҳқиқоти...

Канада тарҳи бунёди ноқили зериобиро барои пайвастшавӣ бо Аврупо баррасӣ мекунад

Ҳукумати Канада тарҳи маблағгузорӣ ва сохтмони хати ноқили зериобии фароатлантикиро меомӯзад, ки Канада ва Аврупоро мустақиман, бидуни убур аз...
spot_imgspot_img

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии...

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад